Муҳиммтарин фалсафаи Ҳаҷ дигаргунии ахлоқӣ аст. Маросими «эҳром» инсонро ба куллӣ аз завоҳири моддӣ ва либосҳои рангоранг ва зару зевар берун мебарад ва бо таҳрими лазоиз ва пардохтан ба худсозӣ, ки аз вазоифи маҳрам аст ӯро аз ҷаҳони модҷа ҷудо карда ва дар оламе аз рӯҳоният ва сафо фурӯ мебарад. Сипас маросими маносики Ҳаҷ яке пас аз дигарӣ анҷом мегирад, маносике, ки алоқаҳои маънавии инсонро лаҳза ба лаҳза бо Худояш маҳкамтар ва робитаи ӯро наздиктар ва қавитар месозад, ӯро аз гузаштаи торик ва гунаҳ олудаш бурида ва ба ояндаои равшан ва пур аз сафо ва нур пайванд медиҳад. Махсусан таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқат, ки маросими Ҳаҷ дар ҳар қадам ёдовари хотироти Иброҳими бутшикан, ва Исмоили забеҳуллоҳ, ва модараш Ҳоҷар аст, ва муҷоҳидатҳо ва гузаштаҳо ва исоргарии онҳоро дар баробари чашмони инсон муҷассам мекунад, ва низ таваҷҷуҳ ба инки сарзамини Макка умуман ва Масҷидулҳаром ва хонаи Каъба ва маҳалли тавоф хусусан ёдовари хотироти Паёмбари Ислом ва пешвоёни бузург ва муҷоҳидатҳои мусулмонони садри аввал аст ин инқилоби ахлоқӣ амиқтар мегардад, ба гунҳое, ки дар ҳар гӯшае аз Масҷидулҳаром ва сарзамини Макка, инсон, чеҳраи Паёмбар Салаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва Алӣ Алайҳиссалом ва соири пешвоёни бузургро мебинад, ва садои овои ҳамосаҳои онҳоро мешнавад.
Оре инҳо ҳама даст ба дасти ҳам медиҳанд ва заминаи як инқилоби ахлоқиро дар дилҳои омода фароҳам месозад, ба гунаи тавсиф ношуднӣ варақи зиндагонии инсонро бармегардонанд ва сафҳаи навине дар ҳаёти ӯ оғоз мекунанд. Беҷиҳат нест, ки дар ривоёти исломӣ мехонем касе, ки Ҳаҷро ба таври комил анҷом диҳад يخرج من ذنوبه كهيئته يوم ولدته امه Аз гуноҳони худ берун миояд ҳамонанди рӯзе, ки аз модар мутаваллид шудааст.
Ҳаҷ барои мусулмонон як таваллуди сонавӣ аст, таваллуде, ки оғозгари як зиндагии навини инсонӣ мебошад. Албатта ин баракот барои касоне, ки аз Ҳаҷ танҳо ба пӯстҳое аз он қаноат кардаанд ба даст нахоҳад омад балки барои касоне ҳосил мешавад, ки ба мағз ва рӯҳи он воқиф шуда бошанд.