Ба гузориши Алҷазира, маркази пахши режими саюнистӣ гузориш дод, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин режим пас аз дархости Итамар Бен Говер барои пайвастан ба кобинаи ҷанг, ин кобинаро мунҳал кардааст.
Пештар рӯзномаи ибрӣ забони Едиот Ахарнот ба нақл аз як манбаи огоҳ навишт Вашингтон бо ирсоли паёме барои мақомоти Телавив бар зарурати ҳузур надоштани Итамар Бен Говер, вазири амнияти дохилӣ ва Бетзлейл Смутрих, вазири дороии режими саҳюнистӣ дар кобинаи ҷанг таъкид кардааст.
Манбаъи мазкур ҳамчунин эълом кард Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нигаронии худро нисбат ба эҳтимоли мулҳақ шудани онҳо ба кобинаи ҷанг эълом кард.
Ин дар ҳоле аст, ки пас аз истеъфои Бенни Гантс, Бен Гойер хостори ҳузур дар кобинаи ҷанг шуд.
Пештар Бенни Гантс, узви кобинаи ҷанги режими саҳюнистӣ дар эътироз ба сиёсати Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин режим дар ҷанги Ғазза, расман хурӯҷи худ аз ин кобинаро эълом кард.
Бенни Гантс пештар аз кобина ҷанг хоста буд тарҳеро барои давраи пасоҷанг ироа кунад ва-гарна аз кобина истеъфо мекунад. Вай то ҳашти июн ба кобина мӯҳлат дода буд.
Ҳизби Бенни Гантс ҳафтаи гузашта лоиҳаеро барои инҳилоли парлумони режими саҳюнисти ва баргузории интихоботи зудҳангом ироа кард.