IQNA

Барномаи омӯзишии Қуръон ба кӯдакони ҷомеаи муҳоҷирони Марокаш

19:25 - June 26, 2024
рақами хабар: 1728
ИКНА - Бо оғози таътилоти тобистонӣ барномаи омӯзиши ҳифз ва тиловати Қуръони Карим ба кӯдакони ҷомеаи муҳоҷири Марокаш аз сӯи ниҳодҳои маҳаллии ин кишвар оғоз шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бо оғози таътилоти тобистонӣ барномаи омӯзиши ҳифз ва тиловати Қуръони Карим ба кӯдакони ҷомеаи муҳоҷири Марокаш аз сӯи ниҳодҳои маҳаллии ин кишвар оғоз шудааст.

Ин барнома бо ҳадафи тақвияти пайванд ва робитаи насли ҷадиди муҳоҷирони Марокаш бо Қуръони Карим ва афзоиши алоқаи онҳо ба ин китоби илоҳӣ ва ҳамчунин талош барои таъмиқи пайвандҳои насли ҷавони муҳоҷирон бо ҳувияти динӣ ва маънавии онҳо ва арзишҳои деринаи исломӣ дар ҷомеаи Марокаш тавсиф шудааст. Илова бар ин тақвияти улгуи диндории саҳеҳ ва дӯрӣ аз гуфтумони ифротгаро аз дигар аҳдофи ин барнома зикр шудааст.

Холид Тавозунӣ, раиси маркази сармоягузории фарҳангии Марокаш бо баёни ин аҳдоф тасреҳ кард: ин ибтикори пешгомона вокуниши дархур ба ниёзҳои мазҳабӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии насли ҷадиди муҳоҷирони марокашӣ аст. Ба гуфтаи вай аз онҷое, ки ин ҷамъият ва парокандагии ин ҷомеа дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон афзоиш ёфта, аҳамияти бисёре дорад, ки ҳар кадом ба хубӣ сафире барои фарҳанги исломии Марокаш бошанд.

Ба гуфтаи Холид Тавозунӣ, ин ибтикор нуқтаи авҷи иқдомоте аст, ки дар ду даҳаи ахир аз сӯи ниҳодҳои динии маҳаллӣ сурат гирифтааст. Бахши умдаи ин иқдомот шомили эъзоми аиммаи ҷамоот ва рӯҳониюн ба кишварҳои маҳалли сукунати ҷомеаи марокашӣ ба вижа дар моҳи мубораки Рамазон ва ҳамчунин эъзоми рӯҳонён барои роҳнамоии зоирон дар анҷоми маносики ҳаҷ ва умра дар канори посух ба масоили шаръӣ ва динӣ будааст.

Ин иқдомот, ки назорати вазорати авқоф ва умури исломии Марокаш сурат гирифта, аз сӯи аҳзоби рости ифротӣ дар Аврупо ба чолиш кашида шудааст. Ба унвони мисол дар Фаронса, ки мизбони яке аз бузургтарин ҷавомеъи муҳоҷири марокашӣ дар хориҷ аз ин кишвар аст, қавонине алайҳи эъзоми рӯҳониён ва аиммаи ҷамоати хориҷӣ ба масоҷиди Фаронса вазъ шудааст.

https://iqna.ir/00High

captcha