Воқеаи ғидир дар соли даҳуми ҳиҷрӣ ончунон рухдоди бузурге аст, ки маҳфуф ба чанд оят шудааст. Ояти Таблиғ аз ҷумла оёте пеш аз ин воқеа буд, ки бар зарурат ва аҳамияти иблоғи ҳукми илоҳӣ дар ин рӯз таъкид дошт: «بَلِّغْ مَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ» (Моида: 67), аммо оёте низ баъд аз ин рухдод нозил шуд, ки аз ҷумлаи онҳо ояти икмоли дин аст. Қуръони Карим дар бахше аз ояти севуми сураи Моида мефармояд: «الْيَوْمَ يَئِسَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ دِينِكُمْ فَلَا تَخْشَوْهُمْ وَاخْشَوْنِ الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا».
Ин бахш аз оят комилан мустақил аз бахши дигар аст; Чаро ки аввалин яъси куффор аз дин, ба хӯрдани гӯшти мурдор ё нахурдани он иртиботе надорад. Сониян ривояоте, ки дар шаъни нузули оят омада, дар мақоми баёни ҳамин иборот аст ва на ҷумалоти қабл ва баъд аз он. Солисан тибқи ривоёти шиа ва суннӣ, ин қисмат аз оят пас аз воқеаи Ғидири Хум нозил шудааст.
Қуръони Карим барои рӯзе, ки ду мартаба бо вожаи «Ал-Явм» ишора шудааст, вижагиҳои бузурге зикр мекунад, ки аз ҷумлаи 1. Рӯзи яъси кофирон, 2. Рӯзи икмоли дин, 3. Рӯзи итмоми неъмати илоҳӣ бар мардум, 4. Рӯзе, ки Ислом ба унвони дини комил мавриди писанди Худо қарор гирифтааст. Агар ҳар як аз ин маворид ба танҳоӣ дар рӯзе иттифоқ афтода бошад, кофӣ аст, ки он рӯз аз «Аёмуллоҳ» бошад, чӣ расад, ки ҳамагӣ барои як рӯз бошанд.
Ривоёт ва фарзияҳои дигар монанди нузул дар рӯзи Арафа низ тавҷеҳи саҳеҳе нисбат бо вижагиҳои ин рӯз надорад; Барои мисол дар нӯҳуми зилҳиҷҷа чӣ қазияи муҳимме иттифоқ афтод, ки куффор аз пирӯзӣ бар дин ноумед шуданд ё таълими амалӣ маносики ҳаҷ (таълими ҷузви аз воҷиботи дин) чӣ нисбате бо икмоли дин дорад, ки бигӯем дин ба василаи он комил шуда бошад.
Ин оят аз мавқеияти икмоли дин ва ба ниҳоят расидани неъмат бар бандагон ҳикоят дорад. Шариати дин дар замони ҳаёти Расули Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба итмом расидааст, вале барои ҳидояти ҳукумати исломӣ ба сар манзили мақсуд ва иҷрои аҳкоми исломӣ дар ҷомеа, ниёз ба асле аст, ки мӯҷиби пойдории дин (яъси куффор) ва икмоли дин ва итмоми неъмат (бар муслимин) аст. Аз онҷо ки мақсуди аслии дин ташреъи қавонини илоҳӣ аст, барои иҷрои ин қавонин бояд шахсе баргузида шавад, ки дар фаҳм ва иҷрои қонун баъд аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳарҷумарҷ пеш наёяд. Ин маворид танҳо бо насаби раҳбарии уммати исломӣ қобили тафсир аст.
Вилояти охирин фаризаое буд, ки Худованд онро бо ин оят нозил намуд ва фармуд, ки дигар фаризае нозил намекунам; Чаро ки бо имомати дин комил шуд ва рисолати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба саранҷом расид: «وَإِنْ لَمْ تَفْعَلْ فَمَا بَلَّغْتَ رِسَالَتَهُ» (Моида: 67). Дар воқеъ самараи рисолати чизе ҷуз вилоят нест ва бидуни он дин ва рисолат ва неъмати ҳидоят ноқис хоҳад буд. Ҳамонгуна, ки дар мутуни фариқайн аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нақл шудааст: «Касе, ки бимирад ва имом ва пешвое надошта бошад ба марги ҷоҳилият мурдааст».