Ба гузориши Карбало, муовинати Дорул-Қуръонул-Карими остони муқаддаси Ҳусайнӣ севумин давраи мусобиқоти қироат ва ҳифзи Қуръони Карими ҷоизаи байналмилалии Карбалоро оғоз кард.
Имсол дар ин мусобиқот, ки вижаи атаботи муқаддаса, зиёратгоҳҳо, мақомот ва масоҷиди маъруфи ҷаҳони Ислом аст намояндагони 23 кишвар ҳузур доранд.
Каррор Аш-Шамрӣ, масъули бахши расонаҳои Қуръонии остони муқаддаси Ҳусайнӣ гуфт: бо ширкати 61 ҳофиз ва қории Қуръони Карим ба намояндагӣ аз 23 кишвари арабӣ ва хориҷӣ, севумин давраи мусобиқоти ҷоизаи байналмилалии қироат ва ҳифзи Қуръони Карими Карбало бо ҳузури ҷамъе аз уламо, донишгоҳиён ва намояндагони муассисот ва марокизи Қуръони миллӣ ва байналмилалӣ оғоз шуд.
Каррор Аш-Шамрӣ афзуд: ҳадаф аз рақобатҳо ин аст, ки Қуръонро ба унвони Нури ҳидоят кунанда барои ҷоҳилон ва гумроҳон, тарозуи адолат, ки аз ҳақ мунҳариф намешавад ва парчами наҷоте, ки гумроҳонро наҷот мебахшад муаррифӣ кунем.
Каррор Аш-Шамрӣ, тасреҳ кард: ин мусобиқот тавассути 15 довари қуръонӣ бо собиқаи доварӣ дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон ва мутахассис дар улуми қуръонӣ ва ҳунарҳои халлоқонаи динии доварӣ мешавад.
Вай тасреҳ кард: ончи, ки ин мусобиқаро мутамоиз мекунад, баргузории он дар остони муқаддаси Ҳусайнӣ ва ҳимояти шайх Абдулмаҳдӣ Карбалоӣ, намояндаи марҷаъияти динӣ ва тавлияти қонуни остони муқаддаси Ҳусайнӣ аз ин рӯйдод аст. Ин мусобиқот дар навъи худ беназир буда ва танҳо мухтаси атаботи муқаддаса, зиёратгоҳҳо, мақомот ва масоҷиди маъруфи ҷаҳони Ислом аст.
Дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Карбалои тирмоҳи соли гузашта баргузор шуд.
Бар асоси эъломи кумитаи баргузоркунандаи мусобиқот ба панҷ нафари бартари риштаҳои ҳифз ва қироати ин мусобиқот ба тартиби 3 миллион динори ироқӣ, 2 миллион ва 500 ҳазор динор, 2 миллион динор, як миллион динор ва 500 ҳазор динори ироқӣ ҷоиза эҳдо шуд.