Ба гузориши ИКНА, шайх Шаҳот Муҳаммад Анвар, қории машҳури мисрӣ аввали июли 2024 дар соли 1950 мелодӣ дар рустои «Куфр Ал-Вазир» дар устони «Дақҳалияи» Миср мутаваллид шуд. Вай се моҳа буд, ки падари худро аз даст дод ва мавриди сарпарастии тағои худ, Ҳалмӣ Муҳаммад Мустафо қарор гирифт. Дар кӯдаки вориди мактабхонаи қуръонии рустои худ шуд ва дар ҳашт солагӣ кулли Қуръони Каримро ҳифз кард ва дар тамоми умри худ ба тиловати Қуръон идома дод.
Вай ҳамзамон бо фарогирии ҳифзи Қуръон ва таҷвид, дар муқобили наздикони худ дар мактабхона, Қуръон тиловат мекард то ҷое, ки дӯстон ва аҳли русто лақаби «шайхи кӯчак»-ро ба ӯ доданд ва хеле зуд тавонист дар ин арса ҷое барои худ пайдо кунад.
Шаҳот Муҳаммад Анвар дар бораи хотироти айёми кӯдакии худ гуфтааст: «Дар он давра ман бо ҳифз кардани Қуръони Карим саодати васф ношуднӣ ёфтам, махсусан пас аз итмоми ҳифзи Қуръон ва дар аснои ёдгирии таҷвиди Қуръон, ба хотири инка садои зебое доштам ва лаҳни ман шабеҳи лаҳни қориёни бузург буд бар ҳамдавраҳоям пешӣ гирифта ва дар миёни онон ба устоди кӯчак шинохта шудам.
Нуқтаи қуввати қироати ин қории мисрӣ савти дилнишин ва садои бисёр зебои ӯ буд. Чаро, ки ӯ ба далели ёдгирии дастгоҳҳои мусиқии алҳон ва нағамотро ба хубӣ фаро гирифта буд ва муваффақ шуд савт ва лаҳни камназиреро ироа диҳад, ки ҳамагонро маҷзуби худ сохт. Албатта худи ӯ мӯътақид буд тиловати Қуръон, чизи дигаре аст ва рабте ба мусиқӣ надорад ва ба тамоми қориён тавсия мекард, ки бар асоси тақвои илоҳӣ тиловат кунанд.
Сабки шайх Шаҳот дар қироати Қуръон
Шайх Шаҳот Муҳаммад Анвар бо истифода аз шеваи қироатҳои шуюух ва асотиди худ, ба мадади ҳанҷараи камназири худ ва савти зебое, ки Худованд ба ӯ иноят карда буд, тавонист сабки ҷадидеро дар қироати Қуръон ибдоъ кунад. Сабки Шаҳот аз ҷиҳати истифода аз қироатҳои қориёни насли гузашта, «таълифӣ ва таркибӣ» ва аз ҷиҳати завқ ва ибтикори худ «бадеъ ва ибтикорӣ» будааст.
Қироатҳои шайх Шаҳот Муҳаммад Анвар аз авҷҳои зиёде бархурдор аст ва дар айни ҳол бар хилофи қориёни матраҳи мисрӣ аз нағмот ва алҳони шод дар қироатҳои худ бештар истифода кардааст. Бар хилофи асотиди қироати Миср ҳамчун Абдулбосит ва Муҳаммад Содиқ Минишовӣ ва бархе дигар аз қориёне, ки қироатҳои маҳзун доштанд.
Шайх Шаҳот дорои 9 фарзанд (се писар ва шаш духтар) буд, ки ҳамаи онҳо ҳофизи кулли Қуръони Карим ҳастанд. аммо ду тан аз фарзандони вай (Анвар Шаҳот Муҳаммад Анвар ва Маҳмуд Шаҳот Муҳаммад Анвар) ҳусни тиловати Қуръонро аз падар ба ирс бурдаанд ва борҳо барои тиловати Қуръон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кардаанд.
Сафарҳои қуръони ба кишварҳои ҷаҳон
Сафарҳои марҳуми Шаҳот Анвар боис шуд то шӯҳрати ӯ дар саросари ҷаҳон густариш ёбад. Марҳум Шаҳот Муҳаммад Анвар дар моҳи мубораки Рамазон ва дар байни солҳои 1985 то 1996 мелодӣ ба тамоми қораҳо сафар кард ва ба қироати Қуръон пардохт.
Устод Шаҳот Муҳаммад Анвар чаҳор сол ба далели навъи бемории кабедӣ дар маҳофили қуръонӣ тиловат намекард ва муддате дар бемористони Хотамул-Анбиё (с)-и Теҳрон барои мудово таҳти назар буд ва саранҷом дар 13 январи соли 2008 мелодӣ дар синни 58 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.
Дар идома тиловати нодир аз устод Шҳот Муҳаммад Анвар дар сафар ба Эронро мушоҳида мекунед.