IQNA

Китоби қуръонӣ бузургтарин паём дар сайти Амазон боргузорӣ шуд

21:30 - July 02, 2024
рақами хабар: 1760
ИКНА - Китоби қуръонӣ «бузургтарин паём» навиштаи ҳуҷҷатулислом валмуслимин Абалфазли Сабурӣ дар вебсайти Амазон боргузорӣ шуд.

Ба гузориши вебсайти Амазон, китоби «бузургтарин паём» асари ҳуҷҷатулислом валмуслимин Абалфзли Сабурӣ дар ин вебсайт боргузорӣ шуд. 

Китоби бузургтарин паём ба забони англисӣ таълиф шуда ва талоше барои муаррифии Қуръони Карим ба мусулмонон ва ғайри мусулмонон аст.

Нависандаи китоб мӯътақид аст ин китоб тафсири мавзӯии Қуръон аст зеро дар он ба беш аз 1500 оят аз Қуръони Карим истинод шудааст.

Фасли аввали китоб дар бораи худи Қуръони Карим аст ва ба чистии он мепардозад, дар воқеъ ба муқоиса ва тафовути Қуръони Карим бо соири кутуби осмонӣ дар ин фасл пардохта шудааст.

Фасли дувум низ перомуни маънавият дар Қуръони Карим аст. Чун масъалаи маънавият дағдағаи бисёре аз ҷавомеъи мухталиф аст, гоҳе ба сӯроғи маънавиятҳои козиб мераванд лизо ин баҳс ба унвони як фасли ҷудогона дар китоб мавриди баррасӣ қарор гирифта ва оёте, ки мешавад дар ин бора ҷамъоварӣ кард, дар он баён шудааст.

Дар фасли севум ҳам масъалаи илм ва Қуръони Карим баррасӣ шуда, бархе таорузи илм ва динро дар фазои байналмилал матраҳ мекунанд лизо дар ин фасл бар асоси оёти Қуръони Карим ба ин мавзӯъ пардохта шудааст.

Дар фасли чаҳорум низ мавзӯъи хонавода дар Қуръон баён шудааст, бо таваҷҷуҳ ба тафовути хонавода дар Ислом ва Ғарб ва мушкилоте, ки ғарбиҳо доранд, мавзӯъи хонавода дар Қуръон ба таври ҷудогона дар як фасл баён шудааст.

Ҳамчунин саодат дар Қуръони Карим мавзӯъи фасли панҷуми китоб ва яке аз мавзӯъоте, ки дар кутуби осмонӣ ва дар адён ба он пардохта шуда ва дағдағаи бисёре аз муъминон аст. Дар ин фасл, оёте, ки марбут ба саодат, роҳҳо ва мавонеъи ин мавзӯъ аст, баррасӣ шудааст.

Охирин фасли китоб низ ба мавзӯъи маод ихтисос пайдо кардааст. Дар адёни мухталиф ба мавзӯъи маод пардохта шуда, аммо Қуръони Карим нисбат ба соири адён ба зиндагии пас аз марг ва масъалаи маод амиқтар пардохтааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Абалфазли Сабурӣ дар соли 1377 ба донишгоҳи имоми Содиқ (а) ворид шуда ва сипас дар ҳавзаи илмия ба идомаи таҳсил пардохта ва аз соли 1390 фаъолият дар фазои байналмилалиро оғоз кардааст.

https://iqna.ir/fa/news/4224353

captcha