Ба гузориши манобеи хабарӣ, маркази тавсеаи омӯзиши донишҷӯёни хориҷии муқими Миср аз роҳандозии мусобиқаи байналмилалии Қуръон ва ҳунарҳои исломӣ ба номи «Истеъдодҳо ва тавоноиҳо» бо шиори «Навоварӣ ва раҳбарӣ» дар чаҳор моҳи охири соли 2024 хабар дод.
Ин мусобиқа, ки дорои 16 бахш аст бо ҳадафи ҳимоят, тавсеа ва иртиқои маҳоратҳо ва иддаҳои халлоқонаи Қуръони донишҷӯёни байналмилалии Ал-Азҳар баргузор мешавад ва ба 10 нафари бартар дар ҳар бахш ҷавоизе эҳдо хоҳад шуд.
Ин мусобиқот бо таваҷҷуҳи вижаи Аҳмад Ат-Тайиб, шайхи Ал-Азҳар ва назорати Наҳл Ас-Саидӣ, мушовири шайх Ал-Азҳар дар умури донишҷӯёни хориҷӣ ва раиси маркази тавсеаи омӯзиши донишҷӯёни хориҷӣ дар Ал-Азҳар баргузор мешавад.
Бахшҳои мухталифи ин мусобиқа шомили ҳифз ва тиловати Қуръони Карим, ибтиҳоли динӣ, фарҳанги исломӣ, улум ва адабиёти исломӣ ба забонҳои хориҷӣ, хушнависӣ ва шумори дигар аз бахшҳои ҳунарӣ ва пажӯҳишӣ мешавад. ширкаткунандагон бояд дар яке аз муассисоти донишгоҳи Ал-Азҳар (пешдонишгоҳӣ - донишгоҳӣ - таҳсилоти такмилӣ) сабтином карда бошанд ва пештар дар се давраи пешини мусобиқоти Ал-Азҳар баранда нашуда бошанд.
Ба баргузидагон илова бар лавҳи тақдир ҷавоизе ба арзиши 260 ҳазор пунди мисрӣ тааллуқ хоҳад гирифт.