IQNA

Шумори зиёди ҳоҷиён дар масҷиди Қиблатайни Мадина

18:51 - July 03, 2024
рақами хабар: 1767
ИКНА - Масҷиди Қиблатайн воқеъ дар Мадинаи Мунаввара ба унвони яке аз масоҷиди таърихии садри Ислом пазирои зоирони зиёде дар поёни мавсими ҳаҷ аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, масҷиди Қиблатайн воқеъ дар Мадинаи Мунаввара ба унвони яке аз масоҷиди таърихии садри Ислом пазирои теъдоди зийде аз зоирон дар поёни мавсими ҳаҷ аст.

Рӯзона садҳо зоир ба масҷиди таърихии «Қиблатайн» воқеъ дар Мадинаи Мунаввара меоянд то дар ин масҷид намоз бихонанд. Ин масҷиди таърихӣ дар қолаби «тарҳи тамаддунии Қиблатайн» аз сӯи ҳайати тавсеаи Мадинаи Мунаввара тавсеа, мариммат ва навсозӣ шудааст. Ин масҷид дар панҷ километрии ғарби Масҷидуннабӣ воқеъ шудааст, яке аз барҷастатарин маконҳои таърихӣ аст, ки зоирони Байтуллоҳилҳаром ҳангоми ҳузур дар Мадина аз он дидан мекунанд.

Ин масҷид аз назари таърихӣ маҳалли вуқӯъи яке аз барҷастатарин вақоеи таърихи Ислом аст, ки пас аз он Ислом ҳувияти мунҳасир бафард ёфт. Дар ин масҷид буд, ки пас аз он ки Паёмбар (с) намози худро ба сӯи қиблаи нахусти мусулмонон яъне Байтулмуқаддас хонд, Ҷабраил бар Паёмбар нозил шуд ва пайғоми илоҳӣ мабни бар тағйири қибла ба сӯи Каъбаро ба пайғамбар иблоғ кард. Паёме, ки дар ин оят аз сураи муборакаи Бақара омадааст:  قَدْ نَرَى تَقَلُّبَ وَجْهِكَ فِي السَّمَاءِ فَلَنُوَلِّيَنَّكَ قِبْلَةً تَرْضَاهَا فَوَلِّ وَجْهَكَ شَطْرَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَحَيْثُ مَا كُنْتُمْ فَوَلُّوا وُجُوهَكُمْ شَطْرَهُ وَإِنَّ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ لَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا يَعْمَلُونَ "Мо [ба ҳар су] гардонидани рӯят дар осмонро нек ме‏бинем пас [бош то] туро ба қиблае, ки бадон хушнуд шавӣ баргардонем пас рӯи худро ба сӯи Масҷидулҳаром кун ва ҳар ҷо будед рӯи худро ба сӯи он бигардонед дар ҳақиқат аҳл китоб нек медонанд, ки ин [тағйири қибла] аз ҷониби Парвардигорашон [баҷо ва] дуруст аст ва Худо аз ончи мекунанд ғофил нест.

Дар барномаи тавсеа ва тармими масҷиди Қиблатайн, насби соябони дари ҳаётии беруни он ва ҳамчунин ироаи хадамоти роҳнамоӣ ва иршод ба зоирон сурат гирифтааст.

Масҷиди Қиблатайн шоҳиди анҷоми барнома тавсеа барои афзоиши зарфияти ин масҷид ба 3 ҳазор нафар аст.

https://iqna.ir/fa/news/4224513

captcha