IQNA

Тайланд; Севумин мақсади маҳбуб барои гардишгарони мусалмон

20:43 - July 05, 2024
рақами хабар: 1772
ИКНА - Бар асоси гузориши шохиси ҷаҳонии гардишгарии мусулмонон (GMTI) дар соли 2024, Тайланд пас аз Сингапур ва Гонконг ба унвони севумин мақсади маҳбуб барои гардишгарони мусулмон шинохта шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бар асоси гузориши шохиси ҷаҳонии гардишгарии мусулмонон (GMTI) дар соли 2024, кишвари Тайланд дар бахши кишварҳои ғайри узви Созмони ҳамкориҳои исломии (OIC) бо имтиёзи куллии 52, 14 поинтар аз Сингапур (рутбаи 1) ва танҳо 2 имтиёз поинтар аз Гонконг (рутбаи 2) қарор гирифт.

Ин имтиёз нишон диҳандаи тааҳҳуди Тайланд барои тавсеаи ин кишвар ба манзури беҳбуди таҷрибаи сафар барои гардишгарони мусулмон бо афзоиши гузинаҳои ғизоии ҳалол ва имконоти рифоҳии муносиби мусулмонон, аст.

Давлати Тайланд қасд дорад бо барномаи панҷ солаи роҳбурдӣ идораи гардишгарӣ то соли 2027 ин кишварро ба «қутби ҳалол» дар ҷануби шарқи Осиё табдил кунад. Ин барнома бар тавсеаи санъати ҳалол дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла ғизо, пӯшок, хадамот ва гардишгарӣ барои тақвияти иқтисод, эҷоди шуғл ва ҳимоят аз ҷавомеи мусулмони маҳаллӣ ва ҳифзи ҷойгоҳи худ ба унвони бартарин мақсад барои гардишгарони мусулмон дар саросари ҷаҳон тамаркуз дорад.

https://iqna.ir/fa/news/4224751

captcha