Дар паёми Владимир Путин, ки Кохи Кремл онро мунташир карда, омадааст: самимонатарин табрикоти маро ба муносибати пирӯзитон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро пазиро бошед. Равобити Русия – Эрон дӯстона ва бар пояи ҳусни ҳамҷиворӣ аст.
Вай изофа кард: итминон дорам, ки фаъолияти шумо ба унвони раисҷумҳури (Эрон) ба беҳбуди ҳарчи бештари равобити дуҷониба дар тамоми ҳавзаҳо дар ҷиҳати манофеи мардуми дӯсти Русия ва Эрон ва ҳамчунин тақвияти амният ва саботи минтақа кумак хоҳад кард. Барои шумо оризӯи муваффақият, саломат ва сиҳат дорам.
Масъуди Пизишкиён дар даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо касби 16 миллион ва 384 ҳазор ва 403 раъй аз маҷмӯъи 30 миллион ва 530 ҳазор ва 157 раъйи гирифта шуда, пирӯз шуд. Саъиди Ҷалилӣ дигар номзади ин интихоботи Эрон низ 13 миллион ва 538 ҳазор ва 179 раъй ба даст овард.
https://tajikpress.com/2024/07/06/