Бисмиллоҳир-раҳонир-раҳим
Понздаҳуми тирмоҳ (1403 ҳ.ш. мутобиқ бо 5/07/2024) миллати бузурги Эрон дар мушорикати густарда ҳамроҳ бо рақобати ҷиддӣ дар бистари солим ва амн, бори дигар устуворӣ ва умқи пояҳои мардумсолории динӣ ва ҷумҳурияти низомро ба дунё нишон доданд.
Акнун бар ҳамагон аст то бо эҳтиром ба мунтахаби мардум, ишонро дар ҷиҳати пешрафти кишвар ва эътилои низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломӣ ёрӣ расонанд.
Ба ҷаноби оқои доктор Пизишкиён, ки муваффақ ба ҷалби орои аксарияти мардум шуданд, табрик арз мекунам ва ҳамчун гузашта вазифаи худро кумак ба давлати мустақар барои убур аз мушкилот ва расидан ба нуқтаи матлуби пешрафти кишвар медонам.
Аз миллионҳо раъйе, ки хоҳони истифода аз «як ҷаҳон фурсат» барои «як Эрон ҷаҳиш» буданд, ташаккур мекунам ва ба онҳо итминон медиҳам ба пуштвонаи наздик ба 14 миллион раъйи шумо, тамоми талош ва тавони худро беш аз гузашта, дар ҷиҳати пуштибонӣ аз нуқоти қувват ва кумак ба тасҳеҳи хатоҳо ва рафъи нақсҳо дар равандҳои ҷорӣ бо истифода аз зарфиятҳои мардумӣ, илмӣ, синфӣ ва нухбагонӣ ба кор хоҳам баст.
Акнун вақти ифои «нақши пуршукуҳи ҳар эронӣ» бо ҳамдилӣ ва ҳамбастагии миллӣ дар ҷиҳати таҳаққуқи ормонҳои бузурги Инқилоби Исломӣ аст.
Саъиди Ҷалилӣ
1403/04/16
https://tajikpress.com/2024/07/06/