Ба гузориши остони Ҳусайнӣ, Каррор Аш-Шамрӣ, масъули бахши расонаҳои қуръонии остони муқаддаси Ҳусайнӣ гуфт: Дар бахши қироат, рутбаи аввалро Ҳамиди Ҳақталаб, намояндаи остони Қудси Разавӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон касб кард ва Сайид Ҷосм Мусавӣ, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз зиёратгоҳи Алӣ ибни Маҳзиёри Аҳвоз Ҳоиз, рутбаи дувум шуд. Рутбаи севуми қироатро низ Аҳмад Ҷамол Ал-Ракобӣ, намояндаи остони Аббосӣ касб кард.
Вай афзуд: Исҳоқ Абдуллоҳӣ, намояндаи остони ҳазрати Маъсума (с) аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қайсар Ад-Даҷилӣ, намояндаи остони Аскарияйн аз Ироқ низ ҳоизи рутбаҳои чаҳорум ва панҷуми риштаи қироат шуданд.
Каррор Аш-Шамрӣ афзуд: Дар бахши ҳифз ҳам Ҳасан Абдурризо Абдуллоҳ, намояндаи остони Ҳусайнӣ аз Ироқ ҳоизи рутбаи аввал шуд ва Муҷтабо Фардфонӣ, намояндаи остони Қудси Разавӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Мӯсо Мӯътамидӣ, намояндаи остони Сайида Зайнаби Исфаҳон ба тартиб рутбаҳои дувум ва севумро касб карданд.
Аш-Шамрӣ, дар идома изҳор кард: рутбаҳои чаҳорум ва панҷуми бахши ҳифз ҳам ба Умар Ҳисом Низор, намояндаи девони вақфи суннии Ироқ ва Муҳаммад Расул Такбирӣ, намояндаи остони ҳазрати Абдулаземи Ҳасанӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон расид.
Вай дар бораи маросими ихтитомия низ гуфт: Маросими ихтитомияи ин мусобиқот бо қироати оёте аз Қуръони Карим тавассути Аҳмад Шарихонӣ, қории остон ва қироати сураи Фотиҳа барои арвоҳи шуҳадо оғоз шуд ва сипас доктор Хайруддин Ҳодӣ, раиси Дорул-Қуръонилкарими остони Ҳусайни тайи суханоне аз ширкат кунандагон дар ин мусобиқа ташаккур ва қадрдонӣ кард. Дар поёни ин маросим низ асомии баргузидагони мусобиқа эълом ва аз сӯи Дорул-Қуръонилкарим мавриди таҷлил қарор гирифтанд.
Севумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Карбало вижаи атаботи муқаддаса, зиёратгоҳҳо, мақомот ва масоҷиди маъруфи ҷаҳони Ислом бо ҳузури намояндагони 23 кишвари ҷаҳон оғоз шуд. Ин мусобиқот бо ширкати 61 ҳофиз ва қории Қуръони Карим ба намояндагӣ аз 23 кишвари арабӣ ва хориҷӣ баргузор шуд ва имсол ин мусобиқот вижаи атаботи муқаддаса, зиёратгоҳҳо, мақомот ва масоҷиди маъруфи ҷаҳони Ислом буд.