IQNA

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон пирӯзии Пизишкиёнро табрик гуфт

7:33 - July 07, 2024
рақами хабар: 1781
ИКНА - Матни паём ба ин шарҳ аст:


Матни паём ба ин шарҳ аст:

Ҷаноби раисҷумҳури мунтахаби Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Масъуди Пизишкиён (Ҳафизаҳуллоҳ)

Салому баракат ва раҳмати Худованд бар шумо бод

Ин интихоби пурбаракат тавассути мардуми азизу шарифи Эронро ба шумо табрику таҳният арз мекунам ва аз Худованди Мутаол хосторам, ки шуморо ҳифз кунад, ёрӣ диҳад, пуштибони шумо бошад ва ба умедҳо ва орзуҳои ин мардуми фидокор ва вафодор бирасед .

Мо дар Ҳизбуллоҳ ва дар тамоми ҷунбишҳои муқовимат дар минтақа ва ба унвони бахше аз миллатҳои онҳо, ки солҳост бо неруҳои ишғолгари саҳюнистӣ ва пружаи султаталабии Амрико даргири рӯёрӯии ошкор будаем, ҳамвора ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чашми пуштвонаи қавӣ, пойдору ҳамешагӣ аз муқовиматкунандагону мустазъафон, аз замони пирӯзии Инқилоби Исломӣ ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (рҳ) ва дар идома раҳбарии ҳазрати оятуллоҳилузмо имом Хоманаӣ (Ҳафизаҳуллоҳ) нигоҳ кардаем .

Бо ҷаноби олӣ ин роҳро идома хоҳем дод, ин шоа Аллоҳ то ба пирӯзии ниҳоӣ даст ёбем, ки рукни аслии он Эрони исломии муқтадир, азиз ва муқтадир хоҳад буд .

Худованди Мутаол ба шумо қувват, саломатӣ ва тандурустӣ иноят намояд .

Ҳасан Насруллоҳ
Шанбе 29 зилҳиҷҷаи 1445 ҳ.қ.

https://tajikpress.com/2024/07/07/

captcha