IQNA

Идомаи тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи Нетаняҳу ва кобинаи ӯ

22:51 - July 07, 2024
рақами хабар: 1782
ИКНА - Шаҳракнишинони саҳюнистӣ бори дигар бо баргузории тазоҳурот дар манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ хостори тавофуқи мубодилаи асирон бо Ҳамос ва барканории Бенямин Нетаняҳу шуданд.

Муътаризон хиёбони аслии «Аёлон» дар минтақаи Телавив дар маркази фаластини ишғолиро бастанд ва иҷозаи рафтуомад надоданд.

Шаби гузашта низ ҳазорон нафар аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ бо баргузории тазоҳуроти густурда бори дигар хостори канорагирии Нетаняҳу аз қудрат шуданд ва бар зарурати дастёбӣ ба тавофуқ барои озодии аусро дар Ғазза таъкид карданд.

Ба гузориши канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ, тазоҳуроткунандагон хоҳони сарнагунии кобинаи «Бенямин Нетаняҳу» нахуст вазир ва кобинаи ӯ ва имзои тавофуқи оташбас бо муқовамати исломии Фаластин барои табодули усаро ҳастанд.

Мӯътаризон ва тазоҳуроткунандагон ҳамчунин хиёбони шумораи 6-ро, ки шимоли Фаластини ишғолиро ба ҷануби он муттасил мекунадро бастанд.

Онҳо ҳамчунин дар хиёбони якум, ки шаҳри Телавивро ба шаҳри Қудс муртабит мекунад, иқдом ба оташ задани чархи мошин карданд.

150 ширкати фановариҳои бисёр пешрафтаи режими саҳюнистӣ низ иҷоза додаанд, ки коркунони онҳо дар тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи кобинаи Нетаняҳу ширкат ва бар лузуми имзои тавофуқи мубодилаи асирон бо муқовимати Фаластин таъкид кунанд.

Саҳюнистҳои мӯътариз дар ин тазоҳуроти эътирозӣ хоҳони барканории Нетаняҳу аз нахуствазирии режими саҳюнистӣ ва баргузории интихоботи зудҳангом ва имзои фаврии тавофуқи мубодилаи асирон байни режими саҳюнистӣ ва муқовимати исломии Ҳамос шуданд.

Пас аз гузашти 9 моҳ аз таҷовузи бидуни натиҷа ва дастоварди режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, ин режим рӯз ба рӯз бештар дар буҳронҳои дохилӣ ва хориҷии худ фурӯ меравад. Режими саҳюнистӣ пас аз 9 моҳ ба аҳдофи эълом шудаи худ яъне нобуд кардани муқовимати исломии Ҳамос ва бозгардондани асирони саҳюнистӣ аз борикаи Ғазза нарсидааст.

Режими саҳюнистӣ тайи ин муддат дастоварде ғайр аз ҷиноят, қатлиъом, вайронӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, нақзи қавонини байналмилалӣ, бомбаборони ниҳодҳои имдодрасон ва қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар ин минтақа надоштааст.

Бар асоси рӯзномаи “Едиот Аҳаронот” ва вебсайти “Войнет” таҷаммӯъи эътирозӣ дар муқобили манозили “Исроил Каттс”, вазири хориҷа”, “Мири Риджио”, вазири ҳамлу нақл, “Амир Оҳана” раиси Кнессет (парлумон), “Ави Дихтер” вазири кишоварзӣ ва “Нойр Баракат” вазири иқтисод баргузор шуд.

Тазоҳуроткунандагон эътирозоти худро дар соати 6:29 субҳи имрӯз, дуруст 9 моҳ пас аз амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо”, дар 7 октябр оғоз карданд.

Даҳҳо ҳазор нафар низ дирӯзи шанбе дар саросари режими ишғолгари саҳюнистӣ тазоҳурот карданд ва аз раҳбарони сиёсии худ хостанд то ба тавофуқи оташбас бо Ҳамос ба манзури тасҳили озодии боздоштшудагон дар Навори Ғазза тан диҳанд.

Бар асоси гузориши хабарнигори хабаргузории Олмон (DPA) ширкаткунандагон дар ин таҷаммӯъ шиор сар медоданд: “Алон тавофуқ кун!”.

Ҳамлаи полиси ишғолгарон ба тазоҳуркунандагон дар муқобили манозили вузаро ва аъзои Кнессет

Ҳамчунин ба гузориш расонаҳои маҳаллӣ, мӯътаризон дар ҷараёни тазоҳурот бо полис даргир шуданд ва бархе аз афрод дастгир шуданд.

Баргузоркунандагони ин тазоҳурот гуфтаанд, ки ҳадаф аз ин тазоҳурот таҳти фишор қарор додани кобина барои такмили музокирот ва тавофуқ бо ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин “Ҳамос” ва бозгардондани зиндониён исроилӣ аз Ғазза аст.

https://tajikpress.com/2024/07/07/

captcha