IQNA

23:02 - July 07, 2024
рақами хабар: 1783

Тамҷиди вазорати авқофи Урдун аз давраҳои тобистонии ҳифзи Қуръон

ИКНА - Вазорати авқофи Урдун бо тамҷид аз давраҳои тобистонии ҳифзи Қуръони Карим, ҳузури кӯдакон ва навҷавонон дар ин давраҳоро омиле барои адами гароиши онҳо ба ифротгароӣ тавсиф кард. 

Тамҷиди вазорати авқофи Урдун аз давраҳои тобистонии ҳифзи Қуръон

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Султон Ал-Қарола, раиси бахши мубориза бо ифротгароӣ дар вазорати авқоф, умури исломӣ ва амокини мутабаррикаи Урдун, бо тамҷид аз давраҳои тобистонии ҳифзи Қуръони Карим, ҳузури кӯдакон ва навҷавонон дар ин давраҳоро омиле барои адами гароиши онҳо ба ифротгароӣ тавсиф кард.

Вай бо ишора ба барномаҳои густурдаи ин вазорат барои пуркардани авқоти фароғати кӯдакон ва навҷавонон ба вижа роҳандозии давраҳои тобистонии Қуръони Карим ин давраҳоро бистари муносиб барои омӯхтани Қуръони Карим ва тадаббур дар он хонд, ки заминаро барои фаҳми саҳеҳи Ислом ва дӯри аз ифротгароӣ фароҳам мекунад, чаро, ки ин умур дар Ислом ва Қуръон ҷое надорад.

Ба гуфтаи ин мақоми вазорати авқофи Урдун, марокизи тобистонии ҳифзи Қуръони Карим заминаи муносиб барои донишомӯзони духтар ва писар барои омӯхтани арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ фароҳам мекунад, ки дар Қуръони Карим баён шудааст ва ин амр бахше аз ҳувияти миллӣ низ маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи вай дар ин сурат аст, ки фурсатталабон ва мудофеъони афкори ифротгароёна дигар наметавонанд афкори самии худро бо дасткории зеҳни ҷавонон ва кӯдакон тарвиҷ кунанд.

Султон Ал-Қарола, давраҳои тобистонии омӯзиши Қуръони Каримро киштиҳои наҷотӣ васф кард, ки бодбони он қавли Худованди Мутаол дар ояти 83 аз сураи муборакаи Бақара аст: وَ قُولُوا لِلنَّاسِ حُسْناً (Бо мардум ба забони хуш сухан бигӯед). Ин ояти шарифа ба унвони шиори аслии марокизи тобистонии ҳифзи Қуръони Карим дар Урдун аст.

https://iqna.ir/00HjDy

captcha