IQNA

Дархости Шӯрои диёнати исломии Фаронса барои муқобила бо нафратпароканӣ

23:12 - July 07, 2024
рақами хабар: 1784
ИКНА - Шӯрои диёнти исломии Фаронса аз мусулмонони ин кишвар хост то дар баробари нафратпароканӣ биистанд.

Ба гузориши Шӯрои диёнати исломии Фаронса ба муносибати соли нави ҳиҷрии 1446, ки бар асоси тақвими ин Шӯро бо рӯзи якшанбе 7 июл 2024 мусодиф аст, паёме барои муқобила бо нафратпароканӣ ба мусулмонони ин кишвар ирсол кард.

Ин паём ҳамчунин ба муносибати баргузории интихоботи парлумонии Фаронса таҳия шуда, ки дар даври аввали он ҷиноҳи рости ифротӣ аз дигар аҳзоб пешӣ гирифтааст.

Ин Шӯро дар ибтидои паёми худ фаро расидани соли 1446 ҳиҷрии қамариро, ки мусодиф бо 7 июл 2024 дар Фаронса аст, ба ҳамаи мусулмонони фаронсаӣ табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард дарвозаҳои умед, сулҳ ва рифоҳ ба рӯи Фаронса боз шавад.

Ин Шӯро ҳамчунин ибрози умедвороӣ кард, ки пайвандҳои ҳамбстагӣ ва бародарӣ, ки мусулмононро дар Фаронса муттаҳид мекунад, битавонад дар баробари касоне, ки мехоҳанд аз тариқи таассуб, нафрат ва тафриқа ба онҳо осеб бирасонанд, муқовимат кунад.

Шӯро ҳамчунин дар баёнияи худ ба сурати вижа ба мавзӯъи кӯдакони фаластинӣ, ки дар зери бомбаборон қурбонӣ шудаанд, пардохта ва дар айни ҳол нисбат ба эҳтимоли ҳамлаи ҷадиди Исроил ба Рафаҳ, ҳамроҳ бо ҳарҷумарҷ ва талафоти бештар дар миёни мардуми Фаластин ҳушдор дод.

Шӯрои диёнати исломии Фаронса дар ҳамин росто эълом кард, ки теъдоди кӯдакони кушта шуда дар Ғазза дар моҳҳои ахир аз теъдоди кӯдакони кушта шуда чандин сол дар тамоми даргириҳо дар саросари ҷаҳон бештар аст.

Ин Шӯро дар паёми худ таъкид кардааст, ки умед дорад саранҷоми башарият роҳе барои поён додан ба ин қатлиом ва беадолатӣ пайдо кунад.

Дар феврали соли гузашта, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, поёни кори Шӯрои диёнати исломии Фаронсаро, ки аз 20 сол пеш ташкил шуда ва риёсати онро Муҳаммад Мусавии Марокашӣ бар ӯҳда дорад, эълом кард. Аммо ин Шӯро тасмими инҳилолро рад кард ва дар ҳамон давра маҷмаъи умумии фавқалодаи худро ба манзури иттихози системи ҷадиде барои Шӯро бо мушорикати беш аз 55 дарсад аз аъзо баргузор кард.

https://iqna.ir/00HjBg

captcha