IQNA

Ҷилавгирӣ аз вуруди фаластиниён ба Масҷидулақсо

23:21 - July 07, 2024
рақами хабар: 1785
ИКНА - Полис режими саҳюнистӣ аз вуруди Фаластиниёни сокини арозии ишғолии 1948 ба Масҷидулақсо ҷилавгирӣ кард. 

Ба гузориши Арабӣ 21, полиси режими саҳюнистӣ аз вуруди фаластиниёни сокини сарзаминҳои ишғолии соли 1948 ба Масҷидулақсо ҷилавгирӣ карда ва ба онҳо ҳамла кард.

Аз субҳи имрӯз ҳазорон нафар барои ширкат дар ҷашни бузургдошти ҳуҷҷоҷи фаластинии арози ишғолии 1948 ва Қудс ба самти Масҷидулақсо рӯй оварда буданд, ки бо мухолифати неруҳои полиси режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ мувоҷеҳ шуданд.

Фаластиниҳо дар вокуниш ба ин иқдомоти полиси режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ва мумониат аз вуруди онҳо ба Масҷидулақсо дар маёдини умумии атрофи шаҳри қадими Қудс ва наздики вурудиҳои Масҷидулақсо мустақар шуда ва намози зӯҳр ва асри худро ҳамонҷо иқома карданд, ки бо бархурди ишғолгарон мувоҷеҳ шуданд.

Дар ҳамин робита идораи авқофи исломии Қудс дар баёнияе эълом кард: он чи имрӯз рух дод, мумониати полиси ишғолгар аз вуруди теъдоди зиёде аз намозгузорон ба Масҷидулақсо, зарбу шатми шадиди бархе аз онон, дуркардани онҳо аз наздикии Масҷидулақсо ва таъқиби онҳо дар хиёбонҳои атроф буд, ки нишондиҳандаи нақшаҳои аз пеш тарроҳӣ шуда нисбат ба Масҷидулақсо ва талош барои яҳудисозии он аст.

Ин ниҳод аз ҳамаи кишварҳои исломӣ хост ба режими палиди саҳюнистӣ фишор биёваранд то иқдомоти худро бо ҳадафи тағйири вазъияти таърихӣ, ҳуқуқӣ ва мазҳабӣ дар масҷиди мубораки Ақсо мутаваққиф кунад.

https://iqna.ir/00HjF9

captcha