Ба гузориши манобеи хабарӣ, тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ аз таъвизи пардаи Каъба ба муносибати ҳулули соли нави ҳиҷрии қамарӣ дар саҳаргоҳи имрӯз якшнба, аввали моҳи Муҳаррамулҳароми соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ хабар дод.
Таъвизи пардаи Каъба ба суннати ҳарсоли ибтидои соли ҷадиди қамарӣ сурат мегирад. Амалиёти тағйири пардаи Каъба тавассути тими муташаккил аз 159 санъатгари ҳирфаӣ сурат мегирад, ки анҷоми амалиётро бар ӯҳда доранд. Дар пайи ин раванд, ибтидо пардаи қадимӣ барчида ва сипас пардаи ҷадид насб мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Арабистони Саудӣ, пардаи ҷадиди Каъба дар ҳудуди 1350 килограм вазн ва 14 метр иртифоъ дорад ва муташаккил аз 4 бахш ва пӯшиши дарби Каъба мешавад.
Дар ин парда ҳудуди 1000 килограмм абрешими хом масраф шуда, ки дар муҷтамеи Малик Абдулазиз вижаи бофти пардаи Каъба бо ранги сиёҳ, рангомезӣ шуда ва аз сӯе 120 килограм тило ва 100 килограмм нуқра низ дар он ба кор рафтааст. Пардаи Каъба мураккаб аз 16 қитъа ба иловаи 7 қитъаи зерин аст.
Ин парда шомили 17 овеза аст, ки азкори монанди «Ё Раҳмон ё Раҳим» ва «Алҳамдулилоҳи Раббил-оламин» ва «Ё Ҳайю ё Қаюм» ва «Аллоҳу Акбар» рӯи он китобат шуда ва ҳамчунин дорои чаҳор лавҳ дар чаҳор ҷиҳати Каъба аст, ки сураи Ихлос бар он китобат шудааст ва аз сӯе панҷ қитъаи тазъинии новдони Каъба, Ҳаҷҷаруласвад ва рукни Ямониро тазйин мекунад ва як занҷири зардузӣ шуда бар фарози рукни Ямонӣ овихта шуда, ки то болои пӯшиши берунии дарби Каъба идома дорад.
Шоёни зикр аст, ки ҳудуди 200 санъатгар ва кодри идорӣ дар муҷтамеи Малик Абдулазиз, вижаи бофти пардаи Каъба барои омодасозии он фаъолият мекунанд. Ин муҷтамаъ шомили чанд бахш аз ҷумла бахши рангрезӣ, бофти худкор, бофт бо даст, чоп, зарбофт, дӯхт ва таҷаммӯъи пардааст, ки шомили бузургтарин чархи хайётии ҷаҳон ба тӯли 16 метр аст ва бо як дастгоҳи кампютерӣ кор мекунад, илова бар ин бахшҳои пуштибонии дигар дар ин муҷтамаъ фаъолият мекунанд.
https://iqna.ir/00HjDP