Ба гузориши манобеи хабарӣ, Мустафо Муртазо Зиёуддин, тавлияти кулли ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аббос (а), байрақи сурхи гунбади ҳарами ҳазрати Абалфазли Аббосро аз ранги сурх ба ранги сиёҳ тағир дод.
Таъвизи парчам нишондиҳандаи фарорасидани моҳи Муҳаррамулҳароми 1446 ҳиҷрии қамарӣ аст. Ин маросим аз ҳарами мутаҳҳари Ҳусайн (а) оғоз шуд ва байрақи сурх бар фарози гунбади ҳарами имом Ҳусайн (а) бо байрақи сиёҳ ҷойгузин шуд ва сипас маросими таъвизи парчам дар ҳарами ҳазрати Аббос (а) анҷом гирифт.
Ин маросим дар саҳни маркази Бобулқиблаи ҳарами мутаҳҳар анҷом мешавад ва бино ба як суннати дерина, байрақи сурх аз сӯи тавлияти кулли ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аббос (а) поин оварда ва пас аз ҷойгузинии он бо парчами сиёҳ, ба нишонаи оғози Муҳаррам ва моҳи азодорӣ, байрақи ҷадид бар фарози гунбад барафрошта мешавад.
Таъвизи парчам аз сурх ба сиёҳ ба нишонаи эъломи азо ва фарорасидани моҳи Муҳаррамулҳаром аст, ки дар рӯзи даҳуми ин моҳ, имом Ҳусайн (а) ба ҳамроҳи ҳазрати Аббос (а) бародари худ ва дигар ёронаш аз ҷумла фарзандони нозанинаш ба шаҳодат расиданд.
https://iqna.ir/fa/news/4225611