Ба гузориши манобеи хабарӣ, Ави Ашкенази, рӯзноманигори рӯзномаи саҳюнистии Маарию, дар гузориши худ навишт, ки режими саҳюнистӣ аз ҳамон лаҳзаҳои аввалияи рӯзи ҳафтуми октябр ва оғози амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо”, ин ҷангро бохт.
Бино бар ин гузориш Телавив тайи 9 моҳи гузашта талош карда дар натиҷаи ин зарба аз ҷо баланд шавад ва пирӯзиро дар ҷанг ба даст биёварад, аммо даргириҳои кунунӣ дар Ғазза, ки тӯлонитарин ҷанг аз навъи худ аст, бо рӯйкардҳои амниятии режими саҳюнистӣ дар таноқуз аст.
Вай шикаст дар амалиёти Тӯфони Ал-Ақсоро шадидтар аз шикаст дар ҷанги октябр хонд ва таъкид кард, ки пешбинӣ мешуд, ки Исроил дар омодагии комил бошад ва нисбат ба таҳаррукоти Ҳамос комилан ҳушёр бошад, аммо кор ба ҷое расид, ки Ҳамос тайи чанд соат муваффақ шуд артиши қудратманд ва бузург ва фаннии Телавив ва сервисҳои иттилоотии ин режимиро шикаст диҳад.
Ин рӯзнома ҳамчунин бо ишора ба интишори натоиҷи кумитаи таҳқиқот дар хусуси шикаст дар амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо нисбат ба анҷоми таҳқиқоти ҷиддӣ ва воқеӣ дар хусуси ин шикаст ибрози тардид карда ва навишт, ки сутӯҳи сиёсӣ ва низомии Телавив комилан дар сардаргумии мутлақ буданд, артиш ва муассисоти амниятӣ дучори сиёсикорӣ шуда буданд ва талош доштанд дар раванди сиёсатгузориҳо таъсиргузор бошанд ва тавоноии мубориза дар ҷабҳаҳоро надоштанд.
Расонаҳои ибрӣ забон, ҳамчунин гузориш доданд, ки бар асоси як санади таъйид шуда дар ниҳодҳои амниятӣ ва низомии режими саҳюнистӣ, ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ҳамчунон дар Навори Ғазза фаъол ва муассир аст.
Дар идомаи ин гузориш омадааст, ки баъд аз гузашти беш аз 9 моҳ аз оғози ҳамла ба Навори Ғазза, ҷунбиши исломии Ҳамос ҳамчунон дар ин борика ҳузур дорад ва муваффақ аст.
Дар санади мазкур таъкид шудааст, ки ин ҷунбиши фаластинӣ метавонад худро аз нав бозсозӣ ва бозёбӣ кунад.
Пеш аз ин низ «Исҳоқ Брик» генерали захираи артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши режими саҳюнистӣ эътироф карда буд: артиш медонад, ки шикаст додани ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ғайри мумкин аст.
https://tajikpress.com/2024/07/08/