IQNA

Ишороти Қуръони Карим ба шахсияти имом Ҳусайн (Алайҳиссалом)

8:12 - July 10, 2024
рақами хабар: 1794
ИКНА - Қуръони Карим дар бархе оёти худ, ишораҳое дорад, ки метавон онҳоро нозир ба шахсияти Ҳусайн ибни Алӣ (Алайҳиссалом) донист ё дасти кам, он шахсиятро мисдоқи боризи он оят маҳсуб кард. 

Қиёми имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) бар алайҳи Язид, воқеае чунон бузург ва устураӣ буд, ки номи он дар таърих ҷовдона шуд. Имом Ҳусайн (Алайҳиссалом), ки ин ҳамосаро офарид, шахсияте аст, ки дар замони Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба дунё омад ва дар назди ҷадди худ Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва падари худ ҳазрати Алӣ (Алайҳиссалом) бузург ва тарбият шуд. Лизо ишон гарчи кӯдак буданд, аммо дар мақтаъе аз нузули Қуръони Карим дар канори Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳузур доштаанд.

Қуръони Карим дар бархе оёти худ, ишораҳое дорад, ки метавон онҳоро нозир ба шахсияти Ҳусайн ибни Алӣ (Алайҳиссалом) донист ё дасти кам, он шахсиятро мисдоқи боризи он оят маҳсуб кард. Имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) наваи Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) будааст ва яке аз касоне аст, ки мисдоқи ояти Маваддат қарор гирифтаанд. Дар Қуръони Карим омадааст: «قُلْ لا أَسْئَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْراً إِلاَّ الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبى‏‏» "Бигӯ: Аз шумо [дар баробари иблоғи рисолатам‏] ҳеҷ подоше ҷуз маваддати наздикон [яъне Аҳли битам‏]-ро наме‏хоҳам" (Шӯро/23). Муҳаддисони бузурге чун Аҳмад ибни Ҳанбал, ибни Манзур, ибни Аби Ҳотам, Табаронӣ ва ибни Мардавия аз ибни Аббос ривоят кардаанд, ки: "Онгоҳ, ки ояти: قل لا اسئلکم... нозил шуд, асҳоб гуфтанд: Эй Паёмбари Худо, ин хешони (қураби) ту, ки маваддат ва дӯстии онон бар мо воҷиб гардида киёнанд? Он ҳазрат фармуд: Алӣ ва Фотима ва ду писари онҳо (Ҳасан ва Ҳусайн)".

Ояти дигар, ояти Аҳли байт аст, ки мефармояд: «إِنَّما يُريدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنْكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَ يُطَهِّرَكُمْ تَطْهيراً», "Ҷуз ин нест, ки ҳамвора Худо мехоҳад ҳаргуна палидиро аз шумо «Аҳли байт» бартараф намояд" (Аҳзоб/33). Аз ривояот нақл шуда ба даст меояд, ки манзур аз Аҳли байти Паёмбар, Фотима, Алӣ, Ҳасан ва Ҳусайн (Алайҳиссалом) ҳастанд. Барои намуна, Умми Салама яке аз занони Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нақл карда, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Фотима (Саломуллоҳи алайҳо) фармуд: Ҳамсар ва фарзандонатро назди ман биёвар. Онгоҳ, ки ҳама ҷамъ шуданд, Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) кисое (порчае)-ро бар рӯи онон андохт ва сипас ояти Аҳли байтро барои онон қироат кард.

Ояти Мубоҳила, яке дигар аз оёте аст, ки ба шахсияти бузурги имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) далолат дорад. Достони Мубоҳала, аз достонҳои машҳур дар замони Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст, ки дар тайи он, масеҳиёни Наҷрон бо Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба ҷидол бархоста ва ду тараф тасмим гирифтанд якдигарро нафарин кунанд, то бубинанд Худованд кадом якро нобуд хоҳад кард. Ояти шарифа мефармояд: «فَمَنْ حَاجَّكَ فيهِ مِنْ بَعْدِ ما جاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ فَقُلْ تَعالَوْا نَدْعُ أَبْناءَنا وَ أَبْناءَكُمْ وَ نِساءَنا وَ نِساءَكُمْ وَ أَنْفُسَنا وَ أَنْفُسَكُمْ ْ ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَلْ لَعْنَتَ اللَّهِ عَلَى الْكاذِبينَ» (Оли Имрон/61).

Бар асоси ривоятҳои мутавотири шиа ва аҳли суннат, Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳангоме, ки ба ваъдагоҳ рафтанд, танҳо Алӣ, Фотима ва ду фарзандашон, Ҳасан ва Ҳусайн (Алайҳимассалом)-ро бо худ бурданд. Бинобар ин манзур аз «Абно» (писаронамон) дар ин оят низ Ҳасан ва Ҳусайн (Алайҳиссалом) ҳастанд.

captcha