Ба гузориши манобеи хабарӣ, Михаил Мишустин, нахуствазири Русия, фармонеро имзо кард, ки бар асоси он тарҳи иқдомоти таҳкими арзишҳои суннатии ахлоқӣ ва маънавии Русия ба тасвиб расонда шуд.
Ҳукумати Русия нақшаи амалии татбиқи усули сиёсати давлатӣ дар солҳои 2024-2026-ро бо ҳадафи ҳифз ва таҳкими арзишҳои маънавию ахлоқии ин кишвар тасвиб кард.
Тарҳи мазкур татбиқи лоиҳаи “Таърихи ман” бо мақсади таҳкими арзишҳои суннатии оилавӣ, дастгирии сенарияи филмҳо дар бораи пойбандӣ ба зиндагии оилавӣ, ташвиқ ба доштани оилаҳои серфарзанд ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба коҳиш додани истеъмоли калимаҳои бегонаро дар бар мегирад.
Вазорати фарҳанги Русия дар бораи ин лоиҳа эълон кард: Ин нақша 14 бахши мавзӯӣ ва 138 чорабиниро дар бар мегирад, ки аз соли 2024 то 2026 баргузор хоҳанд шуд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи ноябри соли 2022 усули сиёсати давлатиро ҷиҳати ҳифз ва таҳкими арзишҳои суннатӣ ва маънавию ахлоқии Русия тасвиб кард.
https://iqna.ir/fa/news/4225677