IQNA

Тамҷиди қории байналмилалӣ аз тарҳи Амирул-қурроъ дар ҳарами Аббосӣ + акс

8:26 - July 10, 2024
рақами хабар: 1796
ИКНА - Ҳамидризо Аҳмадӣ, қории байналмилалӣ аз тарҳи Амирул-қурроъи маркази барномаҳои Қуръони Маҷмаъи Қуръони Карими ҳарами мутаҳҳари Аббосӣ тамҷид кард. 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Ҳамидризо Аҳмадӣ, қории байналмилалии Қуръони Карим бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари Аббосӣ аз тарҳи Амирул-қурроъи маркази барномаҳои Қуръони Маҷмаъи Қуръони Карими ин ҳарам тамҷид кард.

Аҳмадӣ бо ҳамроҳӣ Муҳаммадризо Аз-Зубайдӣ, мудири барномаи Амирул-қурроъ аз роҳруҳои марказ боздид кард ва аз баёноти бузургони динӣ аз ҷумла мароҷеъ, коргузорон марҷаъият, пешкисватон ва шахсиятҳои қуръоние, ки аз ин марказ боздид карда буданд, огоҳ шуд.

Вай аз тавлияти ҳарами мутаҳҳари Аббосӣ ба далели эҷод ва ҳимоят аз чунин тарҳҳои тақдир ва ташаккур кард. Ба гуфтаи вай ин тарҳҳо насле аз қориёни бузургро парвариш хоҳад дод, ки баъдҳо дар сутӯҳи байналмилалӣ ба рақобат хоҳанд пардохт.

Ин қории байналмилалии Қуръон таъкид кард: ин тарҳ аҳамияти бисёре дорад ва боиси тарбияти насли қуръонӣ, эҷоди улгуи тиловат ва парвариши қориёни мумтози байналмилалӣ мешавад, зеро истеъдодҳои Қуръониро аз мароҳили ибтидоии тиловат шиносоӣ карда ва парвариш медиҳад. Ин боздид дар чорчуби тарҳи «Амирул-қурроъ» ва барномаҳои вобаста ба он ва бо ҳадафи ошно сохтани қориёни бузурги ҷаҳони Ислом бо ин тарҳ ва тарғиби навомӯзон сурат гирифт.

https://iqna.ir/fa/news/4225616

 

captcha