IQNA

СММ: Ҷаҳон бояд шармандаи қурбонӣ шудани фаластиниён дар Ғазза бошад

8:29 - July 10, 2024
рақами хабар: 1797
ИКНА - Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз ҳимояти режими саҳюнистӣ тавассути ниҳодҳои байналмилалӣ дар хусуси наслкушии фаластиниён интиқод кард.


Ба гузориши ТоҷикПресс, дар ҳоле беш аз 37 ҳазор фаластинӣ дар Ғазза тавассути низомиёни саҳюнист ба хоку хун кашида шудаанд, ки кишварҳои ғарбӣ чашми худро ба рӯи ин ваҳшигариҳо баста ва созмонҳои байналмилалӣ низ дар маҳкум кардани Исроил нотавон мондаанд. Аз ин рӯ, бори дигар мантиқи реалистӣ дар низоми байнаалмилалӣ ошкоро таваҳҳумоти либералиро поймол кардааст.

Франсиска Албанс, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид мардуми Фаластин дар Ғаззаро қаҳрамон эълом кард.

Вай дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи Х навишт: Мо ҳамагӣ бояд аз қурбонӣ шудани мардуми Ғазза шарманда бошем, зеро фарҳанги масуният аз муҷозот, ки системаи чандҷонибаро дар баргирифта имкони наслкушии мардуми Ғаззаро фароҳам кардааст.

Ин изҳорот дар посух ба изҳороти раиси Шӯрои паноҳандагии Норвегия матраҳ шуд. Вай дар ин бора эълом кард: “Коркунони мо бо вуҷуди овора шудан ва хатари марг, ҳамчунон бидуни вақфа дар Ғазза дар ҳоли ироаи хадамот ҳастанд.

Ҷон Миршаймер, бузургтарин истратегисти ҷаҳони имрӯза таъкид дорад, ки қудратҳои бузург монанди Амрико, созмонҳову ниҳодҳои байналмилалиро ба вуҷуд оварда ва қавонини баромада аз онҳоро дар ростои манофеи худ барномарезӣ мекунанд. Бо ин ҳол, Вашингтон ва муттаҳидонаш ҳар ҷо ки бо тазод миёни манофеи миллӣ ва қавонини баромада аз ниҳодҳои байналмилалӣ рӯбарӯ шаванд, манофеи миллиро баргузида ва қавонинро поймол мекунанд.

https://tajikpress.com/2024/07/09/

captcha