IQNA

Солгарди даргузашти қории байналмилалии Тоҷикистон

8:32 - July 10, 2024
рақами хабар: 1798
ИКНА - Аз даргузашти нобаҳангоми чеҳраи байналмилалии Қуръони Карими Тоҷикистон марҳум устод қорӣ Самариддини Самад як сол мегузарад. Қалби ишон бомдоди 8/07/2023 аз тапидан боз монд ва хонавода ва дӯстону алоқамандони ба ҳунари тиловат ва қироати Қуръони Каримро дар суг нишонд. Марсияе аз Саломиддини Муҳаммадамин дар канали Суфраи меҳрубонӣ ба ҳамин муносибат нашр шудааст, ки пешкаши шумо мухотабони муҳтарам мекунем.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба ростӣ ҳама аз Худоем ва бешак ба сӯи бармегардем

Як сол гузашт

Дар суги булбули хушалҳони гулистони Қуръони Мустафо (с) ва чеҳраи байналмилалии қуръонии Тоҷикистон марҳум қорӣ устод сайид Самариддини Самад, ки қалбаш дар бомдоди ҳаштуми июли 2023 аз тапидан боз монд ва рӯҳаш ба сӯи Худо шитофт. Раҳмату ризвони илоҳӣ нисораш ва ёду номаш гиромӣ бод.

Истод қалби қории пурифтихори мо

Рӯҳаш қарини раҳмати Парвардигори мо

Дар бӯстони ҷовиди Қуръони Мустафо

Бинмуд сабт нағмаи сабзи баҳори мо

Борони ҳақ зи хониши зебош ҷилвагар

Бар қалбу рӯҳи ташна бишуд обёри мо

Умедҳо ба фатҳи басе қулла нотамом

Авҷе гирифту рафт кунун аз канори мо

Дар олами шуҳуд шаҳодат мароми мост

Имон ба ғайбу рӯзи ҷазо ёдгори мо

Ӯ аз табори Кавсару нуру ҳақиқат аст

Бадхоҳ абтар аст дар ин рӯзгори мо

Парвонае ба ишқи Худо пар кашиду рафт

Ғайр аз ризову сабр набошад ба кори мо

Сурудаи Саломиддини Муҳаммадамин

https://tajikpress.com/2024/07/09/

captcha