Ба гузориши манобеи хабарӣ, гурӯҳе аз кормандони зани идораи кулли расидагӣ ба умури Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ, барои нахустин бор дар маросими таъвизи пардаи Каъба ҳузур ёфтанд. Ин маросим рӯзи якшнба, аввали Муҳаррами соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ ва бино бар суннати деринаи таъвизи пардаи Каъба дар ибтидои соли ҳиҷрии қамарӣ анҷом гирифт.
Ҳузури занон дар ин маросим ва бозтоби он дар расонаҳои Саудӣ вокунишҳои мухталиферо дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоии Арабистон ва дигар кишварҳои арабӣ барангехтааст. Бархе ин иқдомро сутуда ва онро гоме дар ростои тақвияти ҳузури занон дар иҷтимоъ ва иртиқои ҷойгоҳи онон дар ҷомеаи суннатии Арабистон тавсиф кардаанд. Аз сӯе бархе аз ин иқдом интиқод карда ва ҳузури занон дар ин маросимро хилофи суннати роиҷ ва иқдоми намоишӣ тавсиф кардаанд, ки таносубе бо воқеиятҳои мавҷуд надорад.
Бо инҳол бархе таъкид кардаанд, занон аз дербоз бахши муҳимме аз омодасозӣ ва бофти пардаи Каъбаро бар ӯҳда доштаанд ва иқдоми кунунӣ амри хилофи суннат ё шариат нест.
https://iqna.ir/fa/news/4226004/