Ҳамиди Маҷидимеҳр, раиси маркази умури Қуръонии Созмони авқоф ва умури хайрия дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИКНА аз баргузории бисту дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими кишвари Русия дар 22 июл хабар дод ва гуфт: дар ин мусобиқот як довар ва як қории Қуръони Карим аз Эрон ҳузур хоҳад дошт.
Вай афзуд: бар ҳамин асос Ғуломризо Исфаҳонӣ аз асотиди матраҳ ва доварони байналмилалии кишварамон дар гурӯҳи доварии ин давра аз мусобиқот ҳузур хоҳад ёфт.
Раиси маркази умури Қуръонии Созмони авқоф баён кард: дар риштаи қироати таҳқиқ низ Умеди Ҳусайнинажод, қории мумтози кишварӣ аз устони Хуросони Разавӣ ба унвони намояндаи кишвари Эрон эъзом мешавад.
Дабири ситоди олии ҳамоҳангии мусобиқоти қуръонии Эрон дар бораи замони баргузорӣ баён кард: бар асоси иттилооти дарёфт шуда, бисту дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Русия аз 23 то 28 июл дар шаҳри Казон баргузор хоҳад шуд. Намояндагони кишвари Эрон низ рӯзҳои ибтидоии мурдодмоҳ озими Русия хоҳанд шуд.
Маҷидимеҳр Мусобиқоти Русияро яке аз мусобиқоти мӯътабар дар байни рӯйдодҳои қуръонӣ муаррифӣ кард ва гуфт: оризӯи муваффақият барои намояндаи кишвари Эрон дорам ва умедворам фориғ аз дарёфти ҳар натиҷае аз сӯи қории эъзомии кишвар, шоҳиди эътилои парчами Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рӯйдод бошем.
https://iqna.ir/fa/news/4225909