Ба гузориши ТоҷикПресс, Аҳмад Тайиб, шайхи донишгоҳи Ал-азҳари Миср бо Ҷоко Видодо, раисҷумҳури Индонезия дар Ҷакарта, пойтахти ин кишвар дидор кард.
Аҳмад Тайиб дар ҷараёни ин дидор хостори басиҷи талошҳои байналмилалӣ барои таваққуфи ҷанг дар Навори Ғазза шуд, ки беш аз 9 моҳ аст, идома дорад.
Вай ҳамчунин бар аҳамияти ҳамбастагии арабӣ ва исломӣ бо мардуми Навори Ғазза ва иттихози мавзеи якпорчаю муассир барои таваққуфи хунҳое, ки ҳар рӯза дар Навори Ғазза рехта мешавад, таъкид кард.
Режими Исроил бо вуҷуди маҳкумиятҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчунон барои даҳумин моҳ, ба таҷовузоти худ ба Ғазза идома медиҳад. Режими Исроил пас аз он ки гузаргоҳи марзии Рафаҳро ишғол ва ҷараёни вуруди кумакҳо ба Ғаззаро мутаваққиф кард, қасд дорад ба ҷанги наслкушӣ, қаҳтӣ ва муҳосираи фаластиниҳо дар Ғазза идома диҳад.
Артиши режими саҳюнистӣ бо ишғоли гузаргоҳи Рафаҳ, гузаргоҳи заминии асосӣ дар Ғаззаро ки кумакҳо аз тариқи он вориди ин борика мешуд, баст; иқдоме ки хатари ташдиди фалокати инсониро ба вижа ба далели камбуди маводи ғизоӣ ва сӯхт ба ҳамроҳ дорад.
https://tajikpress.com/2024/07/10/