IQNA

Мавҷонӣ хабар дод: 

Ҳузури беш аз 100 нафар дар корвони қуръонии Арбаин

9:02 - July 13, 2024
рақами хабар: 1804
ИКНА - Масъули коргуруҳи қуръонии кумитаи фарҳанги - омӯзишии Арбаин бо ишора ба сабтиноми 300 нафар аз қориён ва аъзои гурӯҳҳои тавошиҳ барои ҳузур дар корвони қуръонии Арбаин гуфт: дар корвони 1403 беш аз 100 нафар ҳузур хоҳанд дошт. 

Сайидмуҳаммади Мавҷонӣ, масъули коргуруҳи қуръонии кумитаи фарҳанги - омӯзишии Арбаин ба хабарнигори ИКНА гуфт: замони сабтином пас аз як давра тамдид то рӯзи 19 тирмоҳ идома дошт ва билофосила пас аз поёни ин мӯҳлат, асомии сабтиномкунандаҳо эълом шуд.

Вай афзуд: дар маҷмӯъ 300 нафар шомили қории Қуръони Карим, мураттилон ва гурӯҳи тавошиҳ дар ду бахши бонувон ва оқоён барои ҳузур дар корвони қуръонии Арбаин 1403 сабтином кардаанд.

Масъули коргуруҳи қуръонии кумитаи фарҳанги - омӯзишии Арбаин тасреҳ кард: бо таваҷҷуҳ ба идома доштани сабтином то 19 тирмоҳ, ҷаласаи кумита тасмимгирӣ барои мушаххас кардани аъзои ин корвон баъд аз Ошурои Ҳусайнӣ баргузор мешавад ва ба тафкики риштаҳои мухталиф афроде, ки узви ин корвон хоҳанд буд аз тариқи ИКНА иттилоърасонӣ хоҳад шуд. 

Мавҷонӣ дар мавриди теъдоди аъзои ин корвон баён кард: бо таваҷҷуҳ ба ниҳодҳои мушорикаткунанда теъдоди аъзои корвони қуръонии Арбаин беш аз 100 нафар хоҳад буд. Бахше аз махориҷи корвон аз тариқи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, бахше аз тариқи Ҷомеатулмустафо Ал-Оламия ва бахше низ аз сӯи Созмони авқоф ва умур хайрия таъмин хоҳад шуд. Кумитаи фарҳангии омӯзиши Арбаин низ ба унвони эъзомкунандаи аслӣ, баргузоркунандаи барномаҳои қуръонии имсол аст.

Ёдовар мешавад, корвони қуръонии Арбаин наздик ба 10 сол аст, ки дар мавсими Арбаини сарвар ва солори шаҳидон ҳазрати имом Ҳусайн (а) озими кишвар Ироқ мешавад то дар Наҷаф ва Карбало ва масири пиёдаравии Арбаин ба иҷрои барномаҳои қуръонӣ дар мавкеби мухталиф бипардозанд.

Имсол низ корвони қуръонӣ дар айёми Арбаини Ҳусайнӣ (аз даҳум то бистуми сафар) ба кишвари Ироқ эъзом хоҳад шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4226253

captcha