IQNA

Ҳарами имом Ҳусайн (а) дар гузари таърих

Соқиёни сарзамин Карбало дар сафарномаи шарқшиноси португалӣ

9:15 - July 13, 2024
рақами хабар: 1805
ИКНА - Педро Тишира дар сафарномааш бо ишора ба зоирони зиёде, ки аз саросари ҷаҳон ба Карбало меомаданд аз соқионе ёд карда, ки ба истиқболи онҳо мерафтанд ва ба ёди имом Ҳусайн (а) ва ёронаш, ки дар ҳини ташнагӣ дар ин сарзамин ба шаҳодат расиданд, бо мушкҳои чармӣ ва косаҳои мисини зебо, онҳоро сероб мекарданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии остони муқаддаси Ҳусайнӣ, таърихи ҳузури шарқшиносон дар Ғарби Осиё ба вижа кишварҳои арабӣ бисёр чашмгир аст. Ҳангоме, ки осори ин шарқшиносонро думбол мекунем, дармеёбем, ки бо вуҷуди тамоми интиқодҳо ба аҳдоф ва ниёти онҳо наметавон инкор кард, ки онҳо дар сабти иттилоот ва маълумот аз ҷавомеи мусулмон таваҷҷуҳи бисёр зиёде дошта ва ҳар чизеро бо диққатти тамом сабт кардаанд. 

Сафари Педро Тишира (Pedro Teixeira), шарқшиноси португалӣ ба Ховари Миёна яке аз қадимитарини ин сафарҳо ба шумор меравад. Ӯ аз манотиқи таҳти султаи императории Португалия дар он замон, ба вижа минтақаи халиҷи Форс ва кишварҳои атрофи он дидор кард. Сафари ӯ аз ҷазираи Гуа дар Ҳинд то Италия идома дошт, Тишира дар ин сафар аз тариқи халиҷи Форс ба Ироқи кунунӣ рафт, аз Басра дидан ва аз онҷо ба Наҷафи Ашраф ва Карбало сафар кард ва дар идомаи сафари худ аз Ҳалаб ва Қибрис низ дидор кард.

Вай пас аз вуруд ба Басра ба Наҷафи Ашраф рафт, Ироқ дар ин замон яъне соли 1604 мелодӣ таҳти ишғоли Усмонӣ қарор дошт ва ҳокиме, ки аз ҷониби онҳо бар Карбало ва Наҷаф мансуб шуда буд, амир Ҷшъам, Носирул-Маҳно буд, ки худро шоҳ мехонд ва молиёт ва хироҷи сангине аз мардуми ин ду шаҳр мегирифт.

Тишира ба ташреҳи хайли азими зоирон пардохтааст, ки аз саросари ҷаҳон ба Карбало меомаданд. Вай ҳамчунин аз соқионе ёд карда, ки ба истиқболи онҳо мерафтанд ва ба ёди имом Ҳусайн (а) ва ёронаш, ки дар ҳини ташнагӣ дар ин сарзамин ба шаҳодат расиданд, бо мушкҳои чармӣ ва косаҳои мисини зебо, зоиронро сероб мекарданд. Ба гуфтаи ин шарқшиноси португалӣ оби Карбало аз чоҳҳои атроф таъмин мешуд ва ин об бисёр гуворо буд. Вай ҳамчунин боғ ва бӯстонҳои атрофи Карбалоро сутудааст.

Тасовире аз қадимитарин саққохонаҳои Карбало

 
Тишира ҳамчунин ишора мекунад ҳавои Карбало бисёр матбӯъ аст ва обуҳавои онҷо аз ҳамаи шаҳрҳое, ки дар Ироқ дида беҳтар будааст.

Тишира ҳамчунин ба амнияти шаҳр низ ишора мекунад. Ба гуфтаи вай шаҳр амнияти комил дошт ва танҳо чизе, ки оромиши ин шаҳрро бар ҳам мезад, ҳузури аъзои артиши Усмонӣ, пайравони он ва иддае бодиянишин буд, ки дар натиҷаи шӯриш ва ҳарҷумарҷ, ба эҷоди рӯъб ва ваҳшат дар байни мардум мепардохтанд.

https://iqna.ir/fa/news/4225828

captcha