Ба гузориши остони Ҳусайнӣ, Алӣ Фуод, раиси бахши мошинолоти остони Ҳусайнӣ дар гуфтугӯ бо сайти ин остон гуфт: бахши мошинолоти остон бо ҳамкории бахшҳои зирабт дар ҳоли интиқол ва пӯшиши дарҳои саҳни ҳарами имом Ҳусайн (а) бо шин ва қум ҳастанд то барои истиқбол аз мавкибҳои азодорӣ дар маросими синазанӣ дар рӯзи Ошуро омода шавад.
Вай афзуд: ҳадаф аз ин иқдом тасҳили ҳаракати зоироне аст, ки дар маросими мазкур дар рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррамулҳаром ширкат мекунанд.
Остони муқаддаси Ҳусайнӣ бо таваҷҷуҳ ба раҳнамудҳои оятуллоҳ Систонӣ, марҷаъияти олии шиъаён дар Ироқ ва шайх Абдулмаҳди Карбалоӣ тавлияти ин остон, тамоми идорот, коркунон, ниҳодҳо ва марокизи худро барои ироаи беҳтарин хадамот ба зоирон дар аёми Муҳаррамулҳаром басиҷ кардааст.
Азодорӣ ва синазании сарвару солори шаҳидон, ҳазрати имом Ҳусайн (а) солона дар ин макони муқаддас баргузор мешавад ва аз шаҳрҳои мухталиф то ҳарами имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Ошуро ҳузур меёбанд. Ин маросим ғолибан ба сурати ҳарвала анҷом мегирад. Азодорон дар масири 20 километрӣ то Карбало шиорҳои ҳамчун «Вой Ҳусайно», Лаббайка ё Ҳусайн ва «Вой вайл алал-Аббос» сар медиҳанд.
Решаи ин маросим дар азодории Ҳусайниро ба беш аз 300 сол қабл бар мегардонанд ва онро намоди ҳаракати Ҳарвалакунони мардон Бани Асад аз шаҳри Тавириҷ дар соли 61қ барои тадфини имом Ҳусайн (а) зикр кардаанд.
Азодории Тавириҷ бузургтарин маросими азои Ҳусайнӣ рӯзи Ошуро дар ҷаҳон хонда шудааст, ки ҷамъияти чанд садҳазор нафарӣ аз Ироқ ва хориҷи он, ки бахши қобили таваҷҷуҳе эронӣ ҳастанд, дар он ширкат мекунанд.