IQNA

Ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли Исроил

9:31 - July 13, 2024
рақами хабар: 1807
ИКНА - Муқовимати Лубнон имрӯз (ҷумъа) ҳамалотеро ба пойгоҳҳои режими саҳюнистӣ дар шимоли сарзминҳои ишғолшудаи Фаластин тавассути ин кишвар анҷом дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, хабарнигори Ал-маёдин дар ҷануби Лубнон эълом кард: Ҳамалоти мушакӣ аз ҷануби Лубнон атрофи шаҳраки Араб А-арамшеро ҳадаф қарор дод.

Ҳамчунин як мӯшак ба минтақаи Раъс-ул-ноқура шеллик шуд. Ожирҳои ҳушдор низ дар шаҳраки Адмит ба садо даромад.

Ба гуфтаи расонаҳои ибрӣ, ду мӯшаки зидди зиреҳӣ ба шаҳраки Метула шеллик шуд, ки мунҷар ба қатъии барқ дар бахшҳои густардае аз ин шаҳрак шуд.

Муқовимати Лубнон дар баёнияе эълом кард дар ростои ҳимоят аз мардум ва муқовимат дар Ғазза субҳи имрӯз таҷҳизоти ҷосусӣ дар шаҳраки Метуларо бо мушакҳои ҳидоятшавандаи ҳадаф қарор дод, ки мунҷар ба нобуд шудани он шуд.

Муқовимати Лубнон ҳамчунин эълом кард, дар ростои ҳимоят аз мардуми Ғазза, гуруҳе аз сарбозони душмани саҳюнистиро дар атрофи пойгоҳи Ҳонито бо мушак ҳадаф қарор дод.

Аз замони ҷанги Ғазза марзҳои Лубнон ва Исроил шоҳиди табодули оташ миёни муқовимати Лубнон ва артиши режим саҳюнистӣ аст.

Муқовимати Лубнон бар лузуми таваққуфи ҷанги Ғазза ба унвони шарти худ барои поёни амалиётҳояш алайҳи артиши Исроил таъкид дорад.

https://tajikpress.com/2024/07/12/

captcha