Ба гузориши манобеи хабарӣ, тибқи натоиҷи як назарсанҷие, ки шабакаи 12 режими саҳюнистӣ рӯзи гузашта (ҷумъа) мунташир кард, тақрибан се чаҳоруми исроилиҳо хостори истеъфои “Бенямин Нетаняҳу” ба далели нокомӣ дар мудирияти ҷанги Навори Ғазза шуданд.
Тибқи ин гузориш, дар миёни 72 дарсад аз посухдиҳандгоне, ки бар истеъфои Нетаняҳу таъкид доштанд, 44 дарсад бар ин бовар буданд, ки ӯ бояд ҳарчӣ сареътар аз симати нахуствазирӣ канорагирӣ кунад ва ин дар ҳоле аст, ки 28 дарсад эълом карданд, ки Нетаняҳу ба маҳзи таваққуфи ҷанги Ғазза бояд канор биравад.
Аз замони шурӯъи ҷанги Навори Ғазза дар ҳафтуми октябр, шаҳракнишинҳои режими саҳюнистӣ ба таври мукаррар тазоҳуротҳои густурдаеро алайҳи Нетаняҳу ва кобинаи ӯ баргузор карданд ва бисёре аз онҳо хостори оташбас ва бозгардондани асирои исроилие, ки дар назди ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ҳастанд, шуданд.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ амалиёти «Тӯфони Ал-Ақсо»-и ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос дар рӯзи ҳафтуми октябрро, «шикасти иттилоотии мухарриби» Исроил тавсиф карданд ва канали 12 Исроил низ гузориш кард, ки артиши Исроил натавонист системи сигналро дар марзи Ғазза ба дурустӣ ҳифз кунад.
Рӯзи панҷшанбе ҳафтаи гузашта, вазири ҷанги режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ Ҷоао Галлан аз кобина дархост кард то комиссияро барои таҳқиқ дар бораи шикастҳои кобинаи Нетаняҳу дар мувоҷиҳа бо амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ташкил диҳанд, ки албатта идома дод, ки чунин таҳқиқоте танҳо пас аз поёни ҷанги Ғазза имконпазир аст.
Дар ҳамин робита, вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ ба тозагӣ эътироф ва эълом кард, ки аз ҳафтуми октябр то кунун 9 ҳазор ва 250 низомӣ осеб дида ба маҷмӯаи тавонбахшии вазоратхона муроҷиа кардаанд. Ҳудуд 37 дарсади ин афрод дучори мушкилҳои рӯҳӣ ва равонии мухталифе шудаанд.
Ин омор дар ҳоле аланӣ шудааст, ки чанд расонаи саҳюнистӣ токунун ба сонсури шадиди артиши ин режим дар эъломи омори талафоти худ ишора кардаанд; Иқдоме, ки аз нигоҳи нозирон ба далели шумори болои талафоти низомиёни саҳюнистӣ дар ҷанг алайҳи Навори Ғазза ва тарс аз вокунишҳои бештари дохилӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷомгирифтааст.
Расонаҳои саҳюнистӣ пештар фош карда буданд, ки омори захмиҳое, ки артиши режими ишғолгар эълом мекунад, бо оморе, ки бемористонҳои ин режим ироа медиҳанд, ихтилофи зиёде дорад. Шабакаи 12 режими саҳюнистӣ пештар эълом кардҳбуд, ки артиши ин режим аз мақомҳои бемористонҳо хоста то бидуни ҳамоҳангӣ бо артиш, ҳеҷ оморе аз талафот мунташир накунанд.
Бо ҳамаи ин пинҳонкориҳо ва ироаи омори ғайри воқеӣ, аммо артиши режими саҳюнистӣ ночор ба эъломи куштаҳои худ шуда ва ба тозагӣ эълом кардааст, ки куштаҳои онҳо дар Ғазза аз ҳафтуми октябр ҳамакнун ба 672 тан расидааст. Ҳамонтавр, ки пештар ишора шуд, ин теъдод кушта дар воқеъ омори расмии режими саҳюнистӣ аст ва бисёре аз таҳлилгарон шумори талафоти ин режимро ба маротиб болотар аз он ва ҳудуди чанд ҳазор баровард мекунанд.
Афзӯн бар шумори болои куштаҳо ва мушкилҳои рӯҳӣ ва равонии дигари низомиёни саҳюнистӣ, «худкушӣ» муъзали дигаре дар артиши режими Исроил аст. Додаҳо нишон медиҳад, ки даҳҳо низомӣ ва афсар аз оғози ҷанг, худкушӣ кардаанд, аммо артиши режими саҳюнистӣ аз ифшои ном ё ҷузъиёти он худдорӣ мекунад.
Ҳамчунин рӯзномаи ибрӣ забони «Haaretz» дар ин замина навиштааст, ки артиши режими саҳюнистӣ аз лиҳози таърихӣ иттилооти марбут ба худкушии коркунонро пинҳон кардааст. Рӯзномаи саҳюнистии «Едиот Аҳаронот» ҳам навишт: Афсарони артиши Исроил аз хидмати низомӣ фирор мекунанд ва мавориди худкушӣ ба тарзи ваҳшатноке дар байни онҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Албатта ин тактик ҳамешагӣ будааст ва дар тӯли солҳои гузашта низ артиши ишғолгари саҳюнистӣ ба таври мудовим аз интишори иттилоот дар мавриди теъдоди низомиён аст, ки худкушӣ кардаанд, худдорӣ кардааст ва дар натиҷа ҳамчунон ин мавзӯъро пинҳон мекунад.
Ҳачунин талош барои бознишаста шудан бо ҳадафи фирор аз ҳузур дар ҷанг алайҳи Ғазза низ муъзали дигари пеши рӯи артиши режими палид ва кӯдаккуши сҳиунистӣ аст. Дар ин иртибот шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, ки аз оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ва ҳамчунин ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза дар ҳафтуми октябри соли гузаштаи мелодӣ токунун, 900 капитан ва майори артиши ин режим ғосиб ва ҷинояткор дархости бознишастагии худро ироа додаанд. Дар муддат замони мушобеҳ дар солҳои гузашта ин омор байни 100 то 120 низомии саҳюнистӣ бо дараҷаҳои капитан ва майор будааст.
Дар ҳамин ҳол, “Нир Деворӣ” таҳлилгари низомии шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ гуфт: акнун душвортарин кор, розӣ кардани афсарон барои мондан дар пустҳои муҳим аст зеро дар чанд моҳи гузашта, талоши афсарони олирутба барои хурӯҷ ва ё фикр кардан барои хурӯҷ аз артиш, ошкоро афзоиш ёфтааст.
Вай дар бораи авомили афзоиши хурӯҷи афсарон аз артиши режими саҳюнистӣ гуфт, ки ҳафтуми октябр дар канори ҳуқуқ ва подоши кам, беэътибории артиш назди аксари саҳюнистҳо ва сиёсатмадорон аз муҳиммтарин далелҳои талош барои хурӯҷ аз артиши ин режими ҷинояткор будааст.
https://tajikpress.com/2024/07/13/