IQNA

Сӯиқасд ба Трамп ҳангоми суханронӣ дар Пенсилвания

11:30 - July 14, 2024
рақами хабар: 1816
ИКНА - Доналд Трамп дар ҳангоми суханронӣ дар таҷаммӯи интихоботии худ дар иёлати Пенсилванияи Амрико ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт, аммо ҷони солим ба дар бурд ва кӯшта нашуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, соатҳои аввалияи бомдод буд, ки расонаҳои амрикоӣ аз Сӯиқасд ба ҷони Доналд Трамп дар ҳангоми суханронӣ дар таҷаммӯи интихоботии худ дар иёлати Пенсилванияи Амрико хабар доданд.

Дар ҳамин бора пойгоҳи хабари Ской ниюзи арабӣ дар хабари фаврӣ аз вуқӯъи тирандозии шомгоҳи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дар ҳини суханронии раисҷумҳури собиқи Амрико  дар таҷаммӯи интихоботӣ дар иёлати Пенсилванияи Амрико хабар дод.

Ба гузориши ин расонаҳо дар пайи тирандозӣ дар ҳини суханронии Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико ба таври ногаҳонӣ суханронии худро қатъ кард ва даст ба самти гӯши худ бурд ва дар ҳамин ҳол мардум дар атрофи ӯ аз садои шиллик ваҳшатзада шуданд.

Лаҳзоти баъд аз ин хабар тасовири видеоӣ ва аксҳои мунташиршуда аз маҳалли ҳодиса ҳокӣ аз он буд, ки сурати таромп ғарқи дар хун шудааст. Аммо муддате нагузашт, ки мушаххас шуд Трамп ҷароҳати сатҳӣ аз ноҳияи гӯш пайдо кардааст.

Тирандозии бомдоди якшанбе дар ҳини суханронии Трамп дар «Батлери» Пенсилвания рух дод ва маъмурони «сервиси махфии» Амрико дар ҳоле, ки аз сурати вай хун сарозер буд ва бо дасти худ ба нишонаи саломатӣ ба самти дӯрбин ишора мекард, вайро таҳти ҳифозати шадид ва аз маҳал хориҷ карданд.

Шабакаи хабарии CNN гузориш дод, ки садои шилликҳои қавӣ қабл аз бар замин афтодани Трамп шунида шудааст. Аммо дар ҳамин робита CNN  ба нақл аз манобеи вижаи хабарии худ таъйид кард, ки омили тирандозӣ низ дар таҷаммӯи интихоботии Трамп дар иёлати Пенсилвания кушта шудааст.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс низ ба нақл аз мақомоти амниятӣ навишт: омили тирандозӣ дар миёни ширкат кунандагон дар таҷаммӯи интихоботии Доналд Трамп ҳузур надошт ва фарди зориб бо шиллики маъмурони «сервиси махфии» Амрико аз по даромад. Дар ҳамин робита тасовире мунташир шуд, ки фарди зорибро бар пушти боми як сохтумон нишон медод, ки кушта шуда буд.

https://tajikpress.com/2024/07/14/

captcha