Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати ҳамлу нақли Ироқ аз таҳия ва тадоруки тарҳе барои ҷо ба ҷоии зоирон дар манотиқи мухталифи Ироқ мутаносиб бо тарҳи амниятии ин кишвар барои баргузории маросими рӯзи Ошуро хабар дод.
Дар ҳамин робита Ҳозим Ал-Ҳафозӣ, муовини вазири ҳамлу нақли Ироқ эълом кард: барномаи вазорати ҳамлу нақли ин кишвар барои маросими рӯзи Ошуро иртиботе бо пиёдаравӣ надорад ва мутамаркиз бар интиқоли зоирон бо худрав хоҳад буд.
Вай афзуд: ин тарҳ бар асоси чаҳор меҳвари Карбало ба самти Бағдод, Карбало _ Бобил, Карбало _ Наҷафи Ашраф ва дар ниҳоят меҳвари Карбало ба самти ноҳияи Ал-Ҳусайния ба сурати рафт ва баргашт хоҳад буд.
Муовини вазири ҳамлу нақли Ироқ хотирнишон кард: тарҳи вазорати ҳамлу нақл, мутаносиб ва мунтабиқ бо тарҳи амниятии вазорати кишвари Ироқ аст ва кумитаи марказӣ ба риёсати вазири кишвар вазифаи назорат ва боздиди майдониро бар ӯҳда хоҳад дошт ва бо соири кумитаҳои амниятӣ ва хадамотӣ ҳамоҳанг аст.
Ҳозим Ал-Ҳафозӣ тасреҳ кард: ин тарҳ то баъд аз барпоии маросими Ошуро ва поёни рӯзи ёздаҳум идома хоҳад дошт ва авҷи иҷрои он дар рӯзи нӯҳуми моҳи Муҳаррам хоҳад буд