Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар сояи паёмадҳои иқтисодии вайронгари ҷанги Ғазза барои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба кампайни бузурге, ки аз моҳҳои ибтидоии ин ҷанг барои таҳрими ишғолгарон дар саросари ҷаҳон ба роҳ афтод, рӯзномаи исроилии “Maariv” фош кард, ки аз замони оғози ҷанг дар 7 октябри 2023 токунун 46 ҳазор ширкати исроилӣ бар асари паёмадҳои ҷанг ва инзивои байналмилалии Исроил, таътил шудаанд.
То поёни сол 60 ҳазор ширкати исроилӣ таътил мешаванд
Ин расонаи саҳюнистӣ дар гузорише таъкид кард: тибқи додаҳои ширкати иттилооти тиҷории “Coface Bdi”, ки ба муддати 35 сол аст иттилооти тиҷориро барои мудирияти риски эътиборӣ ироа мекунад ва мутахассис дар таҷзия, таҳлил ва табақабандии ҳамаи ширкатҳо ва муассисоти иқтисодии Исроил аст, токунун 46 ҳазор ширкати исроилӣ аз ибтидои ҷанги Ғазза таътил шудаанд ва пешбинӣ мешавад, ки ин теъдод то поёни соли ҷорӣ ба 60 ҳазор ширкат бирасад.
Ин рӯзномаи исроилии “Maariv” ба нақл аз “Юэл Амир” мудири иҷроии ширкати иттилоотии мазкур гузориш дод, ин адад бисёр болое аст, ки бахшҳои зиёде аз иқтисоди Исроилро шомил мешавад. Бахшҳое, ки дар натиҷаи ҷанг осеби ҷиддӣ дидаанд санъати сохтумонӣ ва васоили саноатӣ аст, ки ба он марбут мешаванд монанди срамик олуменюм ва масолеҳи сохтимонӣ ва ғайра.
Вай афзуд: ҳамчунин аз ҷумла дигар бахшҳое, ки дар тӯли ҷанг ба шиддат мутазаррир шудаанд, метавон ба бахши тиҷорат, шомили санъати модда, кафш, мебел, лавозими хонагӣ ва бахши хадамоти умумӣ монанди кофаҳо, хадамоти саргармӣ, ҳамлу нақл ва … ишора кард.
Бар асоси ин гузориш, бахши гардишгарии Исроил ҳам дар натиҷаи ҷанг, як буҳрони воқеиро таҷриба мекунад ва тайи моҳҳои гузашта ҳеҷ гардишгаре вориди Фаластини ишғолӣ нашудааст ва манотиқи гардишгарӣ табдил ба манотиқи ҷангӣ шудаанд. Ҷанг ҳамчунин бахши кишоварзии Исроилро ба шиддат таҳти таъсир қарор додааст ва илова бар он, бисёре аз корхонаҳо ва марокизи тиҷорӣ дар бахшҳои шимол ва ҷануб таътил шудаанд.
Хисоратҳои иқтисодии Исроил дар ҷанг бисёр болост
Мудиромили ин ширкати иттилооти тиҷорӣ дар идома тасреҳ кард: хисоратҳои иқтисодии Исроил аз ҷанг бисёр зиёд аст ва дар ниҳоят вақте ширкатҳо дарҳои худро мебанданд ва тавоноии бозпардохти қарзҳои худро надоранд, бояд мунтазири осебҳои ҷонибии шадиди ин раванд ба муштариён, таъмин кунандагон ва ширкатҳое, ки бахше аз системи кории ширкатҳои бузургтар ҳастанд, низ бошем.
Вай таъкид кард: ширкатҳои исроилӣ бо чолишҳои бисёр сахте мувоҷеҳ ҳастанд. Камбуди нерӯи кор, коҳиши фурӯш, молиёти зиёд, ҳазинаҳои молии боло, мушкилоти ҳамлу нақл ва логистика, камбуди маводди аввалия, адами дастрасӣ ба заминҳои кишоварзӣ дар манотиқи ҷангӣ, дар дастрас набудани муштарён ба далели мушорикати теъдоди зиёде аз исроилиҳо дар ҷанг, афзоиши ҳазинаҳои тадорукот ва … аз ҷумла боризтарини ин мушкилот ҳастанд.
Аз тарафи дигар расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд: талафоти иқтисодии физояндаи Исроил, дар натиҷаи амалиётҳои Ҳизбуллоҳ ва гурӯҳҳои фаластинӣ аз шимол ва ҷануб ба мавозеи Исроил аст ва ончи, ки буҳрони иқтисодии Исроилро дар сояи ҷанг ташдид мекунад, муҳосираи дарёӣ эъмол шуда тавассути неруҳои яманӣ аст, ки монеи убури киштиҳои исроилӣ ва дигар киштиҳо ба мақсади банодири Исроил «Фаластини ишғоли» мешаванд.
Ин дарҳоле аст, ки ахиран рӯзномаи ибрии Калкалист (The Calcalist) дар гузорише эълом кард, ки дар сояи ҳамалоти Ҳизбуллоҳ, марокизи санъатии аслии Исроил дар шимол ё таътил шудаанд ва ё маҷбӯранд ба маконҳои дигар мунтақил шаванд ва саботи неруи кор дар корхонаҳои шимолӣ ба камтар аз 50 дарсад расидааст.
Ин расонаи исроилӣ таъкид кард: таъсисоти санъатии Исроил дар минтақаи шимол аз камбуди шадиди неруи кор ранҷ мебаранд, ки иллати он ба тахлияи густурдаи шаҳракҳои шимолӣ аз аввалин ҳафтаҳои ҷанг бармегардад. Илова бар камбуди мудовими неруи кор, ҳамалоти мукаррари мушакӣ аз Лубнон ба шакли системотик, хутути тавлиди корхонаҳои исроилие, ки ҳанӯз зери оташ фаъол ҳастандро ба шиддат мухтал мекунад.
Дар идомаи ин гузориш омадааст, ки корхонаҳои воқеъ дар шаҳракҳои наздики марзӣ бо Лубнон бо мушкили бузурги камбуди неруи кор мувоҷеҳ ҳастанд ва коргарон дар баробари як давраҳи душвор қарор доранд; Инки ё бояд ҷони худро ба хатар бияндозанд ва барои кор ба корхонаҳо бираванд ё инки наметавонанд маишати худашонро таъмин кунанд.
Рӯзномаи ибрии Калкалист (The Calcalist) ба нақл аз масъулони ширкатҳои саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ ибрози нигаронӣ кард, ки корхонаҳои мутааллиқ ба ширкатҳои хориҷӣ ба далели идомаи буҳрони амниятӣ дар шимол сабри худро аз даст дода ва фаъолиятҳояшонро ба соири нуқоти ҷаҳон мунтақил мекунанд.
Дар ҳамин робита манобеи хабарӣ менависад, шароити амниятии талхи шаҳраки Шломӣ, ки имрӯз ба шаҳраки матрука табдил шуда қобили васф нест, беш аз 9 моҳ аст, ки аксари сокинонаш онро тарк кардаанд.
Яке аз шаҳракнишинон ба шуморе аз аъзои Кнессет, ки барои боздид ба ин шаҳрак омада буданд, гуфт, мо одат кардаем, ки садои ожирро баъд аз аввалин инфиҷор бишинавем, барои ҳамин муддатҳост дигар ба кӯдакон иҷозаи наздик шудан ба панҷараҳоро намедиҳем.
Ба навиштаи манобеи хабарӣ бо вуҷуди онки 5 миллиард шикл барои дифоъ аз шаҳракҳои саҳюнист нишини шимоли (Фаластини ишғоли) аз ҷумла Шломӣ ихтисос дода шуда, аммо Телавив фақат то ба имрӯз 900 миллион шикл аз онро таъмин кардааст ва ҳамин амр боиси ҷанг ва даргирии лафзӣ ва иттиҳоми мутақобили байни артиш ва ниҳодҳои расмӣ дар робита бо муқассир будан дар кундии пешбурди барномаҳои дифоӣ шудааст.
https://tajikpress.com/2024/07/15/