Ба гузориши манобеи хабарӣ, як мутолиаи ҷадид нишон медиҳад, катибае ба забони арабии бостон бар рӯи сахрае дар наздикии як масҷиди матрук дар подшоҳии Арабистони Саудӣ эҳтимолан тавассути Ҳанзала ибни Аби Омир, саҳобии Паёмбар, ҳак шудааст. Ин саҳобии Паёмбар дар ҷанги Уҳуд ба шаҳодат расид.
Агарчи чандин катибаи марбут ба даврони аввалияи Ислом шинохта шудааст, нависандагони онҳо номушаххас ҳастанд, ба истиснои катибае дар минтақаи Ал-Баҳои Арабистони Саудӣ, ки метавон бо онро бо яқин ба яке аз саҳобаи ҳазрати Муҳаммад (с) ба номи Ҳанзала ибни Аби Омир нисбат дод, ки дар ҷараёни ширкати ӯ дар ҷанги Уҳуд кушта шуд.
Ин катиба, ки муҳаққиқон дар мутолиаи ҷадиде, ки дар шумораи апрели маҷаллаи мутолиоти Шарқӣ наздик мунташир шуд, таҷзия ва таҳлил карданд, дувумин катибаи таъйид шуда муртабит бо замони Паёмбар (с) аст.
Ин катибаи дувум дар авоили қарни ҳафтуми қабл аз интишори Ислом дар шибҳи ҷазираи Арабистон нақш шуда ва шоҳиди муҳимме аз мароҳили мухталиф интишори Ислом дар ҷазиратулараб аст.
Бо инҳол, ҳанӯз нисбат ба ҳувияти нависанда комилан мутмаин нестанд.
Ба гуфтаи пажӯҳишгарон то ҳадде таърихи айёми нахусти Исломро равшан месозад. Ба гуфтаи Аҳмад Ал-Ҷалод, устоди мутолиоти арабӣ дар донишгоҳи иёлти Огайо ин давра пӯшида аз рамз ва роз аст.
Ҳангоме ки Юсуф Балин, хатоти турк аз масҷиди қадимӣ дар шаҳри Тоиф боздид мекард, ки гумон меравад тавассути Алӣ ибни Абдулазиз сохта шудааст, мутаваҷҷеҳи ду катиба бар рӯи сахраи берун зада дар фосилаи 100 метрии масҷид шуд. Дар соли 2021, ин мавзӯъ дубора аз сӯи пажӯҳишгарон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Нависандагон бо баррасии зиндагиномаи ҳазрати Муҳаммад (с) ва шаҷараномаҳо, дарёфтанд, ки ин матн ба забони арабии қадим ва мутааллиқ ба авохири қарни шашум то авоили қарни ҳафтуми мелодӣ мерасад ва ба назар мерасад бо таваҷҷуҳ ба шавоҳид ва қароин аз сӯи Ҳанзала ибни Аби Омир, саҳобаи шаҳиди Паёмбар дар ҷанги Уҳуд, бар санг нақш шудааст.