Ба гузориши вебгоҳи хабарии «Аламғриб 24», ин мусобиқот ба ҳиммати вазорати авқоф ва умур исломии Марокаш ва дар риштаҳои мухталифи ҳифз, тартил, таҷвид ва тафсири Қуръон баргузор хоҳад шуд.
Вазорати авқофи Марокаш бо судури иттилоияе эълом кард: баргузории ин мусобиқот дар чорчуби эҳтимоми ин вазоратхона ба ҳифз, таҷвид ва тафсири Қуръони Карим ва ба муносибати солрӯзи мелоди Паёмбари Акрам (с) дар соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ анҷом мешавад.
Бар асоси ин иттилоия, ҳаҷдаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон «Муҳаммади Шашум»-и Марокаш илова бар намояндагони кишвари мизбон, шоҳиди ҳузури ҷамъе аз ҳофизон ва қориёни кишварҳои арабӣ, исломӣ ва африқоӣ ва ҳамчунин кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ хоҳад буд.
Ин иттилоия ҳокӣ аз он аст, ки оин ифтитоҳияи ин мусобиқа рӯзи сешанбе 3 сентябр 2024 аз соати 10:30 субҳ ба вақти маҳаллӣ дар китобхонаи чанд расонаии бунёди масҷиди «Ҳасани дувум» дар шаҳри Касабланка оғоз хоҳад шуд.