IQNA

Исроил бояд бипазирад, ки дар ҷанг шикаст хӯрдааст

22:35 - July 16, 2024
рақами хабар: 1832
ИКНА - Рӯзномаи ибрӣ забони "Haaretz" эълом кард, он чи ҷомеаи  Исроил дар ҳоли  ҳозир ба он ниёз дорад ин аст, ки бо вуҷуди душворӣ ва тарснокӣ бигӯяд дар 7 октябр шикаст хӯрдааст.

Рӯзномаи ибрӣ забони Haaretz навишт: Амиқтарин ихтилоф дар ҷомеаи имрӯзи Исроил баъд аз гузашти 9 моҳ аз шанбеи сиёҳ (Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо) ва наҷоти 4 гаравгон аз Ғазза, ихтилофиназар байни касоне аст, ки мутаваҷҷеҳ шудаанд мо дар ҷанг шикаст хӯрдаем ва касоне, ки наметавонанд ин амрро бипазиранд. Ихтилоф акнун байни афроде аст, ки қодир ба пазириши воқеият ҳастанд ва афроде, ки худро фиреб медиҳанд ва ба думболи пирӯзии муҳум ҳастанд.

Haaretz дар навиштаи худ ба қалами “Яир Осулин” афзуд: касоне, ки дар рӯёрӯӣ бо воқеият онгуна, ки ҳаст муваффақ шуданд, муҳиммтарин кашфро анҷом додаанд ва он ин аст, ки бархилофи тасаввурот, Исроил ва исроилиҳо барояшон ин имкон вуҷуд доштааст, ки бо вуҷуди шикаст дар ҷанг ба бақои худ идома диҳанд.

Яир Осулин изҳор дошт: ин як кашфи бузург ба шумор меравад зеро зеҳнияти «мани исроилӣ» то 7 октябр бар ин ақида устувор буд, ки агар дар набард ва ҷанг пирӯз нашавем, бақои мо аз байн хоҳад рафт, аммо набарди кунунӣ нишон дод, ки ҳатто агар дар ин давр аз ҷанг шикаст бихӯрем ва ғофилгир шавем, мо ҳанӯз вуҷуд дорем ва дар қайди ҳаёт ҳастем.

Тибқи назари ин нависандаи саҳюнистӣ, ин изъон ба воқеият дар ҷилавгирӣ аз ғарқ шудани Исроил дар вазъияти шикастпазирӣ аз аҳамияти болое бархурдор аст, зеро иқрор ба шикаст баёнгари навъе қудрат аст ҳамонтавр, ки идроки кӯдак дар пазириши бохт ва шикаст барои рушд, саломати равон ва тавонои рафтории вай амри ҳаётӣ аст дуруст ҳамонанди як ҷомеа.

Яир Осулин бо ишора ба ин, ки маънои амиқи рӯйкарди «девори оҳанини» Исроил дар шанбеи сиёҳ фурӯрехт, навишт: ҷомеае, ки медонад ҳатто дар сурати шикаст ба бақои худ идома хоҳад дод, метавонад ба ислоҳи нокомиҳо ва костиҳо иқдом кунад, ки мӯҷиби шикаст шуд, ин чунин шанси пирӯзӣ хоҳад дошт, дар ин сурат аст, ки ҷомеа ба пухтагӣ расида ва озодтар ва қавитар шудааст.

Вай идома дод: бинобар ин касоне, ки ҷуръати изъон ба шикастро доранд гарчӣ ба шакли ҷузъӣ метавонанд дар бораи зоиши ривояти ҷадиди исроилӣ ва низ ингораҳои асосие, ки дархсуси артиш ва ваъдаи саҳюнизм вуҷуд дошт фикр кунанд; Ингораҳое, ки тайи ҷанги ҷорӣ шикаста шуд.

Haaretz дар поён навишт: дар ҳақиқат он чи ҷомеаи Исроил дар ҳоли ҳозир ба он ниёз дорад ин аст, ки алорағми душворӣ ва тарснокӣ бигӯяд дар 7 октябр шикаст хӯрдааст зеро ҷомеае, ки наметавонд ба пазириши шикаст ба маънои амиқ ва амалии он изъон кунад, ҳаргиз маънои пирӯзиро нахоҳад фаҳмид.

Режем Исроил таъкид дорад ҳар гуна тавофуқе бояд зимни тазмини озодии усарои дастгиршуда дар рӯзи 7 октябр ба ҳазфи тавоноиҳои низомӣ ва ҳукмронии Ҳамос мунҷар шавад. Телавив гуфта то замоне, ки ин ҳадаф муҳаққақ нашавад оташбас ҳосил нахоҳад шуд.

Дар ҳамин робита як рӯзномаи саҳюнистӣ эътироф кард, ки дар натиҷаи инҳидоми бисёре аз танкҳо дар Ғазза, артиши саҳюнистӣ бо буҳрони камбуди танк мувоҷеҳ шудааст.

Рӯзномаи саҳюнистии Едиот Аҳаронот барои аввалин бор эътироф кард, ки артиши режими саҳюнистӣ баъд аз ҳадаф қарор гирифтани густурдаи танкҳояш дар даргириҳои Навори Ғазза бо буҳрони камбуди танк мувоҷеҳ шудааст.

Ин гузориш меафзояд, ки теъдоди зиёде аз танкҳо осеб дидаанд ва теъдоде хароб шудаанд ва қобили истифода ё омӯзиш нестанд, илова бар инки эҳтимоли вуруди танкҳои ҷадид ба бахши зиреҳии артиш дар кӯтоҳ муддат мӯҳтамил нест.

Ин гузориш меафзояд, ки ба ин тартиб ба назар мерасад теъдоди кунунии танкҳо барои фаолиятҳои ҷангӣ ва омӯзишӣ кофӣ нест, илова бар ин ки ҳаҷми муҳиммот ва мавориди мавриди ниёз барои ислоҳи худравҳои зиреҳӣ низ ба шиддат маҳдуд аст.

Гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин тайи 9 моҳи гузашта аз ҷанги Ғазза равишҳои ибдоии зиёдеро барои ҳадаф қарор додани танкҳои режими саҳюнистӣ иҷро кардаанд.

https://tajikpress.com/2024/07/16/

captcha