Ба гузориши ТоҷикПресс, Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар суханоне ба муносибати Ошуроӣ ҳусайнӣ гуфт: Ишғолгарон ду ҷинояти куштори дастаҷамъона алайҳи оворагон дар Навори Ғазза анҷом доданд, ки аввалӣ дар урдугоҳи Аннасирот бо 23 шаҳид ва Дуюмин ҷиноят дар ХониЮнус бо 17 шаҳид буд.
Вай афзуд, Эмом Ҳусайн (а), барои наҷоти уммати Ислом аз диктатории Язид талош кард, ки ин диктаторӣ, хатаре барои дин ва бақои он ва ба фасод кашондани ҷомеъа буд.
Ал-Ҳусӣ гуфт, мардуми азизи Яман, рӯзи Ошуроро аз майдони ҷиҳод дар роҳи Худо бо лаббайк гуфтан ба нидои ҷиҳод гиромӣ медоранд, мардуми Яман бо шаҳид додан, парчамро барафроштаанду ҳузури миллионӣ ва мушаххасе дар майдонҳо ва ҷабҳаҳо доранд.
Вай илова кард, масаълаи Фаластин, муҳимтарин масаъла ва фоҷеаи бузург дар ҷаҳон аст ва боиси нангу ор аст, ки бештари мусулмонон ин масаъларо раҳо карда ва ба он пушт кардаанд ва бархе ҳам бо душман алайҳи ин масаълаи ҳамдаст шудаанд.
Ал-Ҳусӣ изҳор дошт, майдони набарду рӯёрӯӣ бо Исроил ва Амрико, майдоне аст, ки ҳамаи уммати Ислом бояд дар он иштирок карда ва ба таври ҷиддӣ барои ҳимоят аз мардуми Фаластин ба по хезанд.
Раҳбари Ансоруллоҳ изҳор намуд, ки мо шоҳиди хиёнат, сукут ва тамошои ошкори ҳукуматҳо ва нухбагони зиёде ба он чӣ дар Фаластин мегузарад, ҳастем.
Вай афзуд, мо шоҳиди як ҳолати шарикии ошкоро ва хидмат ба душманон дар миёни ҳукуматҳо ва режимҳои зархарид ҳастем ва дар раъси он режими Саудӣ қарор дорад.
Ал-Ҳусӣ гуфт, авҷ гирифтани таҷовузи Саудӣ алайҳи мардуми мо пас аз фармони Амрико ба ин низом барои хизмат ба Исроил сурат гирифт.
https://tajikpress.com/2024/07/16/