Ба гузориши «Кашмир Диспач», ба муносибати фарорасидани солрузи шаҳодати сарвар ва солори шаҳидон ҳазрати Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а) ва Ошурои Ҳусайнӣ, шиъаён дар гӯша ва канори ҷаҳон ба азодорӣ пардохтанд.
Дар Покистон, фаъолони фазои маҷозӣ тасовири марбут ба азодории шиъаён дар Исломободро мунташир карданд.
Мӯҳсини Нақавӣ, вазири кишвари Покистон имрӯз ба мақомоти марбута дастур дод то амниятро дар тамоми нуқоти кишвар барои барпоии маросими азои Ҳусайнӣ тазмин кунанд.
Шиъаёни Ҳинд низ ба муносибати фирорасидани солрузи шаҳодати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафояш, имрӯз дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар аз ҷумла Бамбаӣ, Деҳлӣ, Дакан ва Ҳайдаробод ба азодорӣ пардохтанд.
Дар Амрико низ афрод бо миллиятҳои мухталиф дар хиёбонҳо ба сурати густарда иқдом ба азодорӣ ва сӯгворӣ ва тавзеъи ғизои назрӣ карданд.
Иқомаи намози зӯҳри Ошуро дар Лондон
Намози зӯҳри Ошуро ба имомати ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Сайидҳошими Мусавӣ, имоми маркази исломии Лондон ва намояндаи раҳбари олии Инқилоби Эрон дар Англистон баргузор шуд.
Намозгузорон пас аз поёни маросими азодорӣ дар маркази исломии Англис бо ташкили сафҳои муттаҳид канори якдигар истода ва намози зӯҳри Ошуроро иқома карданд.
Маркази исломии Англис ҳарсола ҳамгом бо шиъаёни саросари ҷаҳон ва ба манзури таҳаққуқи рисолати динӣ ва фарҳангии худ ва зинда нигаҳдоштани шиор ва шуъури исломӣ ва ҳамосаи Карбало, парчами азои Ҳусайнӣ барпо медорад. Ин ниҳоди исломӣ имсол низ маросими густарда ва чаҳоргонаи худро ба забонҳои мухталифи форсӣ, англисӣ, арабӣ ва урду дар даҳаи аввали моҳи Муҳрамулҳароми соли 1446 баргузор кардааст.
Бисёре аз марокизи исломӣ, масоҷид, ҳусайнияҳо ва такоё ва бархе аз марокизи фарҳангии Англис аз оғози моҳи Муҳаррам барномаҳои вижаеро шомили суханрониҳои мазҳабӣ, қироати зиёрати Ошуро, синазанӣ ва навҳахонӣ ва тавзеъи ғизои назрӣ миёни азодорони Ҳусайнӣ, ба мавриди иҷро гузоштанд ва ҳамарӯза мизбони ҳазорон тан аз ошиқони сарвар ва солори шаҳидон буданд.
Азодории шиъаёни Афғонистон дар сояи маҳдудиятҳои Толибон
Маросими азодороии рӯзи Ошуро дар Афғонистон бо ҳузури пуршӯри мардум дар сояи маҳдудиятҳои Толибон баргузор шуд. Дар шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон, азодорон аз нахустин соати субҳи имрӯз ба ҳусайнияҳо, масоҷид ва такяхонаҳо рафтанд ва маросими азодорӣ ва синазаниро баргузор карданд.
Маросими азодории рӯзи Ошуро дар бахшҳои мухталифи пойтахти Афғонистон аз ҷумла минтақаи Чандовал, зиёрати ҳазрати Абулфазл, зиёрати Сахӣ дар минтақаи Корта Сахӣ, минтақаи Афшор ва минтақаи дашт Барчӣ дар Ғарби Кобул бо ҳузури ҳазорон нафар дар масоҷид ва такоё баргузор шуд ва то зӯҳри Ошуро ва барпоии намози Ошуро идома дошт.
Неруҳои Толибон дар минтақаи шиъанишини дашти Барчӣ дар ғарб Кобул, ҳузури сангин доштанд. Онҳо иттисоли шабакаҳои мухобиротиро қатъ карда буданд ва монеъи ҳузури ҳайатҳои азодорӣ ва дастаҳои синазанӣ дар хиёбонҳо шуданд.
Бархе аз ҳозирон дар маросим эълом карданд, ки Толибон шуморе аз азодоронро ҳадафи зарбу шатм қарор доданд ва ба онон иҷоза надоданд, ки ба сурати ҷамъӣ масирашонро то маҳалли азодорӣ идома диҳанд.
Шиъаён дар устони «Ҳарот» дар ғарби Афғонистон низ алорағми маҳдудиятҳои Толибон, маросими азодории Ошуроро бо ҳузури густарда баргузор карданд.