Ба гузориши хабаргузории расмии Қатар, бунёди деҳкадаи фарҳангии Катара дар иттилоияе аз оғози номнависӣ дар ҳаштумин давраи мусобиқоти байналмилалии тиловати Қуръони ҷоизаи Катара аз имрӯз хабар дод ва эълом кард, ки мӯҳлати сабтином дар ин мусобиқа то 17 октябр идома дорад.
Ҳаштумин давра аз мусобиқаи байналмилалии тиловати Қуръони ҷоизаи Катара бо шиори «Қуръонро бо савти худ зинат бахшед» зери назари вазорати авқоф ва умури исломии Қатар ва дар чорчуби тааҳҳуд ва нақши пешравии Қатар дар ҷаҳони Араб ва Ислом, ташвиқ ва кашфи истеъдодҳои бартар дар тиловати Қуръон ва муаррифии қориёни мумтоз бар асоси қавоиди илми таҷвид баргузор мешавад.
Кумитаи доварӣ ҳамаи осори ирсолӣ ба мусобиқаро арзёбӣ мекунад ва 100 ширкаткунандаи бартарро барои роҳёбӣ ба марҳалаи муқаддамотии интихоб мекунад, ки дар Доха баргузор мешавад.
100 мутасобиқи роҳёфта ба марҳалаи муқаддамотӣ аз тариқи 20 қисмати барномаи телевизионӣ рақобат мекунанд, ки дар ҳар қисмат 5 ширкаткунанда ҳузур хоҳанд дошт ва дар поён 20 баргузида ба ҳамроҳи 5 мутасобиқи захира ба марҳалаи нима ниҳоӣ роҳ пайдо мекунанд, ки дар 5 қисмат (дар ҳар қисмат 5 ширкаткунанда) ба рақобат хоҳанд пардохт ва дар поён аз ҳар қисмат як нафар баргузида ва ба марҳалаи ниҳоии ин мусобиқа роҳ пайдо мекунад ва аз миёни ин 5 нафар, се баргузидаи мусобиқаи Катара вижаи тиловати Қуръон муаррифӣ хоҳанд шуд.
Ҳайати доварони ин ҷоиза муташаккил аз 6 нафар аст, ки се нафар аз онҳо устодони тиловат, аҳком ва қавоиди таҷвид ва се нафари дигар низ аз мутахассисони мақомоти қуръонӣ, зебоӣ ва дилнишин будани савт ҳастанд.
Барандаи аввали ҷоизаи нақди ба арзиши 500 ҳазор риёли Қатар (ҳудуди 137 ҳазор доллар) дарёфт мекунад. Ҷоизаи дувум ва севум ба тартиб 400 ҳазор риёли Қатар (ҳудуди 109 ҳазор доллар) ва 300 ҳазор риёли Қатар (ҳудуди 82 ҳазор доллар) аст.
Барандагони рутбаҳои чаҳорум ва панҷум ба тартиб 200 ҳазор риёли Қатар (ҳудуди 54 ҳазор доллар) ва 100 ҳазор риёли Қатар (ҳудуди 27 ҳазор доллар) дарёфт хоҳанд кард. Ҳамчунин бунёди фарҳангии Катара як лавҳи фишурда аз тиловати комили Қуръони Карим тавассути рутбаи аввали ин мусобиқот таҳия мекунад.
Шоёни зикр аст, ки идораи кулли авқофи вазорати авқоф ва умури исломии Қатар аз замони оғоз ба кори ин ҷоиза дар соли 2017 ҳомии расмии ҷоизаи Катара будааст.