Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Ал-Фурот Нюз», ошиқон ва дилбохтагони Аҳли байт (Алайҳимуссалом) дар шаби Ошурои Ҳусайнӣ (а) бо ҳузур дар боргоҳи мутаҳҳари имом Ҳусайн ва ҳазрати Аббос (Алайҳимассалом) ба азодорӣ ва ибрози ҳузн ва андӯҳ пардохтанд.
Дастаҳои азодорие, ки аз устонҳои мухталифи Ироқ ва бархе кишварҳои ҷаҳон буданд, ба муносибати шаби шаҳодати сарвар ва солори шаҳидон ба азодорӣ ва сӯгворӣ пардохтанд ва дар ғами мотами Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а) ва ёрони бовафояш ашки мотам рехтанд.
Ин дар ҳоле аст, ки остони муқаддаси Ҳусайнӣ ва Аббосӣ тамоми тавони худро барои хидмат ба зоирон басиҷ кардаанд ва дар ҳамин росто тамҳидоти лозим барои барпоии маросими «сӯгворӣ ва азодорӣ» ба унвони яке аз оинҳои суннатии рӯзи даҳуми Муҳаррам иттихоз шудааст.
Лозим ба зикр аст аз онҷо, ки Оятуллоҳил-узмо Сайид Алии Систонӣ, душанбе 8 июл 2024-ро аввали Муҳаррамулҳаром эълом кард, имрӯз чаҳоршанбе 17 июл дар Ироқ рӯзи даҳуми Муҳаррам ва Ошуро аст.