Ба гузориши Ал-Аманор, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ Лубнон шомгоҳи сешанбе дар суханоне таъкид кард, ки яке аз дастовардҳои муҳимми набарди "Тӯфони Ал-Ақсо" иттиҳод миёни мусулмонон ва коҳиши танишҳои фирқаӣ будааст.
Сайидҳасан Насруллоҳ,, дар ибтидои суханрони худ ба муносибати шаби Ошурои Ҳусайнӣ (а) аз ҳузури мардум дар маросими азодорӣ ташаккур ва қадрдонӣ кард. Вай ҳамчунин аз неруҳои амниятӣ ба хотири ҳифзи амнияти азодорони Ҳусайнӣ (а) ташаккур ва қадрдонӣ кард.
Сайидҳасан Насруллоҳ, дар идома ба ҳодисаи тирандозии шаби гузашта дар маросими азодории имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) дар атрофи шаҳри «Маскат», пойтахти Уммон ишора кард ва ба давлат ва миллати ин кишвар тасалият гуфт.
Вай дар бахши дигаре аз изҳороташ ба амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ишора кард ва гуфт: Аз баракоти ин амалиёт, ҳамбстагии ҷабҳаҳои пуштибони амалиёт ин аст, ки осори мусбате дар коҳиши таниши фирқаӣ доштааст, ин дар ҳоле аст, ки дастгоҳҳои ҷосусии Ғарб дар даҳаи гузашта барои он (таниши фирқаӣ) барномарезӣ ва рӯи он ҳисоб боз карда буд.
Вай изҳор кард: Мо дар ҳоли набарде ҳастем, ки уфуқ ва чашмандози он равшан аст ва ваъдаи қуръонӣ дорем, ки режими саҳюнистӣ аз байн хоҳад рафт. Набарди Тӯфони Ал-Ақсо яке аз тӯлонитарин ва бузургтарин набардҳое аст, ки душман ба он эътироф карда ва аз ҳама муҳиммтар инки ин набард, набарди меҳвар ва миллатҳои муқовимат аст.
Сайидҳасан Насруллоҳ баён кард: Бо имом Ҳусайн (а), бо наваи он ҳазрат соҳиби Аср, бо намояндаи воқеҳи ишон имом Хоманаӣ ва уламо ва раҳбарони шаҳидамон таҷдиди байъат мекунем ва дар масири дастёбӣ ба пирӯзиҳо ҳаракат мекунем ва дар ин роҳ на аз марг наметарсем ва на боке аз он дорем.
Вай таъкид кард: Ба касоне, ки мехоҳанд моро бо марг аз Амрико, Исроил, Ғарб ва бархе дар дохил битарсонанд, мегӯем мо мардуме ҳастем, ки на аз ҷанг наметарсем ва на аз он боке дорем, зеро бештарин чизе, ки ҷанг метавонад ба армағон биёварад, пирӯзӣ ё шаҳодат аст.
https://iqna.ir/fa/news/4227117