Ба гузориши хабаргузории Анатолия, “Энтони Гутерриш” дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар матни суханронии худ дар нишасти Шӯрои Амнияти Мозмони Милали Муттаҳид, ки тавассути “Кортеней Рэттрей” муовинаш қироат шуд, гуфт, ки вазъияти инсонӣ дар Навори Ғазза як «лаккаи нанги ахлоқӣ» барои ҳама ба шумор меравад.
Дар матни суханронии Энтони Гутерриш дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вазъияти Навори Ғазза, ки ба риёсати Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия баргузор шуд, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард: вазъияти Навори Ғазза як лаккаи нанги ахлоқӣ барои ҳамаи мо аст.
Энтони Гутерриш бо ишора ба ин ки алорағми истифода аз моддаи 99 маншури Созмони Милали Муттаҳид дар декабри соли 2023 вазъияти буҳронии Навори Ғазза тайи моҳҳои ахир ҳамчунон вахимтар шудааст, афзуд: Механизми ирсол ва тавзеъи кумакҳои башардӯстона дар Навори Ғазза дарҳоли фурӯпошӣ аст.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ин паём ҳамчунин бо баёни ин ки шаҳри Рафаҳи Навори Ғазза ба тудаи харобаҳо мубаддал шудааст, тасреҳ кард: Ҳеҷ ҷое дар Навори Ғазза амн нест.
https://tajikpress.com/2024/07/18/