IQNA

Таъсироти ҷуброннопазири тӯлонӣ шудани ҷанг бар режими саҳюнистӣ

14:02 - July 19, 2024
рақами хабар: 1841
ИКНА - Ҷанги тӯлонӣ барои режими саҳюнистӣ бақадре зиёновар аст, ки бархе таъсироти ҷиддӣ, ки шояд акнун камтар ҳис мешавад, пас аз поёни ҷанг, ояндаи ин режимро дар маърази хатар қарор додааст.

Тӯлонӣ шудани ҷанг, асарот ва таъсироти бисёр бад ва ҷуброннопазире бар пайкараи режим палидва кӯдаккуши саҳюнистӣ дорад, ки шояд дар нигоҳи аввал ба чашм наёяд. Аввалин асари манфӣ, бӯъди иқтисодӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ аст. Ин, аввалин ҷанг дар умри камтар аз 80 солаи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ аст, ки андак андак ба як сола шудан наздик мешавад.

Иқтисод донони режими ҷинояткори саҳюнистӣ эътироф доранд, ки рушди иқтисодии ин режим коҳиши зиёде пайдо карда ва мушкилот иқтисодӣ афзоиш пайдо кардааст. Банки марказии режими ғосиби саҳюнистӣ рӯзи душанбе дар ин хусус гуфт, рушди ду дарсадӣ дар соли ҷории мелодӣ ба яку ним дарсад коҳиш пайдо карда ва соли оянда аз 5 ба 4.2. расидааст ва касри будҷа аз 7.2 ба 7.6 дарсад расида ва зарари ҷанг ба маротиб беш аз чизе аст, ки дар ибтидо ҷанг тасаввур мешудааст.

Аз ҷиҳати низомӣ – амниятӣ ва неруи размӣ низ Исроил таҳти фишори бисёре аст. Ин камбуд сабаб шуда то сарон, тасмим бигиранд, яҳудиҳои Ҳаридиро, ки қабл аз хидмати низомӣ муоф карда буданд, дубора ба хидмат фаробихонанд. Артиши Исроил се шанбе эълом кард, ки паёми фарохонро аз ҳафтаи оянда барои яҳудиёни Ҳаридӣ барои пайвастан ба артиш ирсол хоҳад кард. Пештар ин мавзӯъ сабаби навъе чолиши иҷтимоии фарогир, ва ихтилофи шадид дар Исроил шуда буд. Яҳудиёни Ҳаридӣ, ки дар расонаҳо ононро яҳудиёни ифротӣ тавсиф мекунанд рӯзи гузашта дар эътироз ба ин тасмим бузургроҳеро дар маркази Фаластини ишғолӣ бастанд ва полис бо онон даргир шуд.

Тибқи тасмими қаблии додгоҳи марказии режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил, ин даста аз яҳудиён ба ҷои хидмати низомӣ, дар мадориси динии яҳудӣ таҳсил мекарданд ва акнун сарони Ҳаридӣ мегӯянд ин кори кам аҳамиятар аз умури дигар барои ояндаи Исроил нест. Аммо хуб артиши Исроил бо камбуди неру рӯбарӯ аст. Аз тарафи дигар, ба хидмат гирифтани ин яҳудиён дар артиш, ҳатман мушкиле аз Исроилро ҳал нахоҳад кард чун неруи размӣ, ангеза мехоҳад ва ин даста аз яҳудиён аслан мухолифи ҳузур дар ҷанг ҳастанд ва ангезае барои ҷанг надоранд. Илова бар ин, неруҳое, ки дар майдони ҷанг ҳузур доранд, чандон рӯҳияи муносибе надоранд ва ҷолиб инҷост, ки ҳамин дирӯз хабари худкушии яке аз неруҳои исроилӣ мунташир шуд, ки аз майдони ҷанг бозгашта буд.

Дувумин асари тӯлони шудани ҷанг барои режими саҳюнистӣ, коҳиши ангезаи сокинон “кишвари маснуӣ ва муваққати Исроил” барои идомаи зиндагӣ дар онҷост. Вақте амният дар ҳамаи абъод коҳиш ёбад, ҳамаи касоне, ки бо чанд чамадон ба Фаластин муҳоҷират кардаанд, ба содагӣ бозхоҳанд гашт. Ҳамакнун тибқи назарсанҷии «Бунёди демократии Исроил», 70 дарсади исроилиҳо дар хусуси вазъияти амниятӣ ва демократӣ дар Исроил хушбин нестанд (фақат 30 дарсад ибрози хушбинӣ кардаанд). Ба гуфтаи Тамар Ҳерман таҳия кунандаи ин назарсанҷӣ, ин дарсад, дар тӯли солҳое, ки ин навъ назарсанҷӣ анҷом шуда, бесобиқа аст. Ихтилоф вақте қобили дидан мешавад, ки бидонем дарсади хушбинӣ ба амният ва ояндаи Исроил дар ноябри гузашта (як моҳ пас аз шурӯъи ҷанг), ҳудуди 65 дарсад будааст. Он замон назарсанҷишвандагон гумонашон ин буда, ки Исроил пирӯзи сареъ ва мутлақи ҷанг хоҳад буд. Лизо равшан аст, ки ин пиндор дар азҳони умумии исроилиҳо фурӯ рехта ва акнун тасаввури воқеятро аз режими шикастпазири Исроил доранд.

Севумин асар, асари тӯлонӣ шудани ҷанг барои режими саҳюнистӣ, нобасомон шудани иқтисод ва маишат ва амният дар Каронаи Бохтарӣ аст. Бархе дар Исроил ҳушдор додаанд, ки фурӯпошии иқтисодӣ дар Каронаи Бохтари, (ки сиёсатҳои кунунии кабинаи ростгарои Нетаняҳу онро ташдид карда) мисли бомбаи соатӣ барои Исроил аст.

Лизо бархе исроилиҳо аз Амрико кумак хостаанд то фишор бар кабинаи Исроил дар ин хусусро афзоиш диҳад. Онҳо ҳушдор додаанд агар банкҳои Исроил, муомилот бо банкҳои Каронаи Бохтариро аз сарнагиранд, мумкин аст аз моҳҳои оянда, банкҳои Каронаи Бохтарӣ варшикаста шаванд чун муоф кардани ин банкҳо аз сиёсатҳои кунунӣ метавонад бори дигар воридоти колоҳои асосӣ ба Каронаи Бохтариро эҳё кунад. Аз тарафи дигар вазири дороии Исроил миллионҳо доллар даромади гумрукӣ ва молиётии фаластиниҳои Каронаи Бохтариро, ки ба ниёбат аз ташкилоти худгардон ахз мекунад пас намедиҳад ва ҳушдорҳои Аврупо ва Амрико дар бораи мухотироти ин сиёсати молӣ алайҳи Каронаи Бохтарӣ ва асари (хомӯши) он бар амнияти Исроил, токунун бенатиҷа буда. Ин кор хилофи нақзи тавофуқи Осло ҳам ҳаст.

Ба ҳамаи инҳо изофа кунед, ки ба далели шароити амниятӣ, Исроил дигар ба бисёре аз коргарони рӯзмузд ва фаслии фаластинии сокини Каронаи Бохтарӣ иҷозаи вуруд ба Фаластини ишғолиро намедиҳад ва ҳамин амр сабаби афзоиши бекорӣ дар Каронаи Бохтарӣ мешавад. Лизо дар сурате, ки авзоъ ба ҳамин тариқ пеш биравад, фурӯпошии вазъияти маишатӣ ва иқтисодии Каронаи Бохтарӣ метавонад барои Исроил гарон тамом шавад.

Буҳроне, ки Исроил аз ҳафтуми октябр дучораш шуда, паёмадҳои бештаре дорад, ки акнун камтар ҳис мешавад. Бархе аз ин паёмадҳо, ғайриқобили ҷуброн аст. Дар чунин шароите бархе исроилиҳо мушкили Ҳизбуллоҳро мушкили бузургтар аз мушкили Ҳамос медонанд. Афзоиши танаффур аз Исроил дар сатҳи афкори умумии дунё, ҳимоят давлатҳои ғарбӣ бахусус Амрико аз ин режими саҳюнистиро дар оянда сахттар низ хоҳад кард. Гузари замон мушкилоти лоянҳали Исроилро бештар ошкор хоҳад кард.

https://tajikpress.com/2024/07/18/

captcha