Ба гузориши Ал-Олам, шӯрои устони Карбало рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ҳудуди 6 миллион зоир аз Ироқ ва дигар кишварҳо дар маросим Ошурои Ҳусайнӣ ширкат карданд.
Воҳиди расонаии ин шӯро афзуд, ки шумори зоирони маросими рӯзи Ошуро ва азодории имсол дар Карбалои Муалло ба ҳудуди 6 миллион нафар расид.
Пеш аз ин ниҳодҳои хадамотӣ, амниятӣ ва беҳдоштӣ аз муваффақиятомез будани тарҳи вижаи маросими Ошуро ва азодории дар ин кишвар хабар дода буданд.
Созмони расона ва иртибототи Ироқ эълом кард, ки 725 хабарнигор ва 84 шабакаи моҳвораӣ, маросими вижаи зиёрати Ошуроро пӯшиши хабарӣ ва тасвирӣ доданд.
Вазорати барқи Ироқ ҳам дар баёнияе тарҳи вижаи маросими Ошуро ва таъмини 24 соатаи барқ дар шаҳри Карбалоро муваффақиятомез тавсиф кард.
Фурудгоҳи байналмилалии Наҷафи Ашраф низ эълом кард, ки аз якум то нӯҳуми Муҳаррамулҳаром мизбони беш аз 71 ҳазор зоир будааст.