Ба гузориши хабаргузории "CNN", шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, муфтии аъзами салтанати Уммон, дар бораи ҳамлаи террористӣ ба масҷиди шиъаён дар минтақаи Води Ал-Кабир, ки боиси кушта шудани 6 нафар аз мардум шуд дар сафҳаи худ дар платформаи Х (Твитетари собиқ) паёмеро мунташир кард.
Шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, дар ин паём навишт: Мо тасаввур намекардем омилони ҷинояти рух дода шаҳрвандони уммонӣ бошанд ва воқеан аз ин мавзӯъ шигифтзада шудем. Дар ин сарзамини тайиба, тарбияти уммонӣ табиатан ҳаргуна хушунат алайҳи як шаҳрванд ё муҳоҷирро ба далели ихтилофи фикрӣ ё фирқаӣ рад мекунад. Худованд ба мо кумак мекунад ва ин ҳодиса як ибрат ва панд аст ва мо аз Худованд саломатӣ ва амният мехоҳем.
Шайх Аҳмад ибни Ҳамд Ал-Халилӣ, муфтии Уммон идома дод: Беҳтарин чизе, ки акнун дар бораи ин фоҷиа метавон гуфт ин аст, ки волидайн ва ҳамаи ниҳодҳои ҷомеа бояд омӯзиш ва иршодро иртиқо диҳанд ва дар таҳкими усули имони саҳеҳ, ки муқаддасоти инсониро таҷлил ва афкори инҳирофӣ ва ботилро тард мекунад кӯшо бошанд.
Пеш аз ин муфтии Уммон, ҳамла ба ин масҷидро маҳкум ва таъкид карда буд, ки ибодатгоҳҳо хатти қирмизи мо ҳастанд.
Полиси Уммон сешанбеи гузашта дар баёнияе эълом кард: Се омили ҳодисаи тирандозӣ дар Води Ал-Кабир, бародарони уммонӣ буданд, ки бар асари шиллики неруҳои амниятӣ кушта шуданд. Онҳо аз ҷумла касоне буданд, ки таҳти таъсири афкори нодурусти ДИИШ буданд.
Шоёни зикр аст, ки гурӯҳаки террористии ДИИШ бо интишори видеое, масъулияти ҳамла ба ин масҷидро бар ӯҳда гирифт.
Кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ҳамла ва тирандозӣ дар наздикии як масҷиди шиъаён дар Маскатро маҳкум карданд. Ин ҳамлаи террористӣ, ки шаш шаҳид бар ҷой гузошт ва ДИИШ масъулияти онро бар уҳда гирифт, як ҳамлаи бесобиқа дар султоннишини Уммон ба ҳисоб меояд, ки нигаронии кишварҳои Араби ҳавзаи халиҷи Форсро барангехтааст.
Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба шиддат ин тирандозиро маҳкум кард ва ҳамбстагии худро бо тамоми иқдомоти иттихоз шуда тавассути Уммон барои ҳифзи амният ва саботи худ эълом кард. Арабистон ва Баҳрайн низ ин ҳамлаи террористиро маҳкум карданд