IQNA

Барпоии ҳалқаҳои ҳифзи Қуръон дар Балкан

18:44 - July 19, 2024
рақами хабар: 1845
ИКНА - Анҷумани хайрияи мероси Кувайт аз барпоии ҳалқаҳои ҳифзи Қуръон дар кишварҳои Балкан ба унвони бахше аз барномаи хайрияи ин анҷуман хабар дод.

Ба гузориши Ал-Ҷарида, Анҷумани хайрияи мероси Кувайт аз роҳандозии тарҳе барои ҳимоят аз маҳофили ҳифзи Қуръони Карим дар кишварҳои Балкан барои тарбияти кӯдакони мусулмон бо рӯйкарди саҳеҳ ва омӯзиши Қуръони Карим бо лаҳн ва тиловати саҳеҳ хабар дод.

Ин анҷуман бо интишори иттилоияе эълом кард, ки ин тарҳ бахше аз барномаҳои Анҷумани хайрияи мероси Кувайт аст ва ҳар нафар метавонад ҳадди ақал 10 динори Кувайт ба ин тарҳ кумак кунад. 

Дар ин иттилоия тасреҳ шудааст: талошҳои Анҷумани мероси Кувайт ба вижа мудирияти марокизи ҳифзи Қуръони Карим, мудирияти сохти масоҷид ва барномаҳои исломӣ, аз бадви таъсис токунун дар ҷиҳати хидмат ба китоби илоҳӣ ва дар ростои ҳимоят ва таъсиси марокиз, маҳофил, муассисот, бунёдҳо ва донишкадаҳои омӯзиши Қуръони Карим дар дохил ва хориҷ аз Кувайт будааст. 

Анҷумани мероси Кувайт ҳамчунин ба чопи беш аз як миллион нусхаи Қуръон ва тарҷумаи он ба забонҳои мухталиф ва ҳамчунин тафосир ва китобҳои ҳавзаи улуми Қуръони ба унвони бахши дигаре аз фаъолиятҳои ин анҷуман ишора кардааст.

Анҷумани мероси Кувайт муҳиммтарин анҷумани хайрияи Кувайт ва яке аз муҳиммтарин анҷуманҳои хайрия дар ҷаҳони Ислом аст, ки бахши умдаи талоши худро ба эҳё ва тарвиҷи мероси исломӣ ба вижа дар ҳавзаи фаъолитҳои қуръонӣ ихтисос додааст.

https://iqna.ir/fa/news/4227341

captcha